ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Дар Тоҷикистон бад шудани обу ҳава дар назар аст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гаржадании Тоҷикистон дар истинод ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки рӯзҳои 21-22 июни соли равон дар як қатор ноҳияҳои ғарбии ВМКБ, вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ хатари омадани селҳо ба асари об шудани пиряхҳо боқӣ мемонад.
Ҳамзамон КҲФ-и кишвар таъкид кардааст, ки дар ҳавзаи дарёи Панҷ бошад болоравии сатҳи об дар назар аст.
Кумита ҳамчунин аз аҳолӣ хоҳиш кардааст, ки ҳангоми ҳаракат аз роҳҳои кӯҳиву ағбаҳо, ҳангоми ғунучини ҳезуму гиёҳҳои кӯҳӣ, моҳидориву шикор эҳтиёт кунанд.
“Сокинони навоҳи кӯҳистониву доманакӯҳҳо ҳангоми чорвочаронӣ дар наздикиои соҳили обҳо низ бояд вобаста ба вазъ эҳтиёт намоянд”, - ҳудор дод КҲФ.
Кумита ҳамчунин аз аҳоли хоҳиш кардааст, ки ба хотири пешгирӣ аз хатари селҳои эҳтимолӣ сар вақт ҷӯйборҳо, каналҳо ва селроҳаҳои минтақа ва макони зисти худро аз ҳар гуна хасу хаспораҳо тоза намоянд, то оби сел бемамониат ба як маҷрои бехатар ҷорӣ шавад.