ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Дар шаҳри Чӯлпон-отаи Қирғизистон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳокими вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Хайрулло Бозоров мулоқот кард.
Адр ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо дар ин мулоқот аз сатҳи кунунии муносибатҳои дӯстонаи минтақаҳои ду кишвар, изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Раисони вилоятҳои ҳаммарз барои рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ, зиёд намудани ҳаҷми гардиши молу маҳсулот, ташкили корхонаҳои муштарак, ва ҷалби якҷояи сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти вилоятҳо изҳори назар карданд.
Ҳамчунин тарафҳои дар бораи коркарди пахта ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ аз он, истифодаи таҷрибаи пешқадам дар соҳаи кишоварзӣ мубодилаи афкор намуданд.
Раисони ду вилояти ҳаммарз таъкид карданд, ки амалисозии тарҳҳои муфид барои минтақа ба манфиати мардумони тоҷику ӯзбек хоҳад буд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш раиси вилояти Суғд бо намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон дар вилояти Ботканд Абдикарим Алимбаев мулоқот кард.
Ҷонибҳо бори дигар омодагии худро барои тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ изҳор дошта, таъкид карданд, ки масъалаи аломатгузории марзи ду кишвар бо роҳи дипломатӣ ва якдигарфаҳмии комили тарафҳо ҳал хоҳад шуд ва барои ин дар сатҳи ҳукуматҳои ду мамлакат комиссияи босалоҳият фаъолият дорад.
Раҷаббой Аҳмадзода таъкид кард, ки дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ тарафҳо тамоми масъалаҳои пешомадаро бо роҳи гуфтушунид дар сатҳи маҳал баррасӣ ва ҳал намуданд ва дар оянда низ ҷонибҳо бо риояи анъанаҳои шарқиёнаи ҳамсоядорӣ фаъолият хоҳанд бурд.
Тарафҳо омодагии худро барои беҳтар намудани сатҳи кунунии муносибатҳо изҳор дошта, таъкид карданд, ки зиндагӣ дар фазои сулҳу дӯстӣ барои сокинони назидмарзии ду кишвар омили асосии рушди минтақа маҳсуб меёбад.