Вокуниши толибҳо ба гузориши СММ дар бораи нақзи ҳуқуқи башар дар Афғонистон

Сухангӯи ҳукумати толибҳо гузориши дафтари намояндагии Созмони Милали Муттаҳид дар мавриди нақзи ҳуқуқи башар, қатлҳо ва боздоштҳои худсаронаро такзиб кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Cухангӯи ҳукeмати толибҳо Забеҳуллоҳ Муҷоҳид дар вокуниш ба гузориши дафтари намояндагии Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон мабнӣ бар нақзи ҳуқуқи башар, қатлҳо ва боздоштҳои худсарона дар Афғонистон эълом кард, ки гузориш аз СММ мунташир ва дар он гилояҳо ва шикоёте ироа шудааст, ҳақиқат надорад, иттилоъ додааст “Радиои дарӣ”.
Вай афзуд, чунин гузоришҳо бар асоси нақли қавл аз афроде таҳия мешавад, ки аз Афғонистон фирор кардаанд ва акнун ҷабҳаи таблиғоти алайҳи кишвари худ эҷод кардаанд.
Вай гуфт, баъзе аз афрод дар баданаи СММ аз номи ин ниҳоди сӯиистифода мекунанд ва бар асоси иттилооти нодуруст машғули таблиғ алайҳ Афғонистон ҳастанд.
Афғонистон хостори лағви таҳримҳои тиҷорӣ шуд
“Ҳеҷ гуна қатл ё боздоштҳои худсарона дар Афғонистон вуҷуд надорад ва ҷилави ҳар гунаи ҳамла бар ақаллиятҳои мазҳабӣ низ гирифта шудааст, гуфт қайд кард Муҷоҳид.
Вай тавзеҳ дод, ки пахши гузоришҳои манфӣ дар бораи Афғонистон ба маънои кина тӯзӣ аст, ки бояд мутаваққиф шавад.
Дафтари намояндагии СММ дар гузориши ахири худ аз ончӣ ки қатлҳои худсарона, боздошти низомиёни собиқ, аъмоли маҳдудиятҳо дар баробари занон ба вижаи мамнуъияти иштиғолу муҷозотҳои баданӣ хондааст, аз ҳукумати сарпарасти Афғонистон интиқод кард.
Бахше аз ин гузориш ба идомаи ҳамалоти интиҳорӣ ва инфиҷорҳои хунин дар Афғонистон ба унвони як нигаронии қобили тавваҷуҳ ихтисос ёфтааст .