Минатдории Муҳриддин аз сафири барканоршудаи Туркманистон дар Тоҷикистон

Вазири хориҷаи Тоҷикистон аз сафири Туркманистон барои саҳми гузоштаи ӯ дар таҳкими ҳамкориҳои шарикии таъмиқи стратегии ду кишвар изҳори миннатдорӣ кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин сафири Туркманистон Хемра Тогалаковро ба муносибати анҷом ёфтани маъмурияташ дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт.
Ба иттилои манбаъ, дар мулоқот ҷонибҳо аз дастовардҳои ду кишвар дар ҷанбаҳои мухталифи ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори қаноатмандӣ намуданд.
“Ҳамчунин майли мутақобилаи тарафҳо барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои бисёрҷониба миёни Тоҷикистон ва Туркманистон, ки ҷавобгӯи манфиатҳои аслии ҳар ду давлатанд, таъкид гардид”, - қайд кардааст ВУХ-и кишвар.
Сироҷиддин Муҳриддин ба Хемра Тогалаков барои фаъолияти назаррас ва саҳми гузоштаи ӯ дар таҳкими ҳамкориҳои шарикии таъмиқи стратегии ду кишвар изҳори миннатдорӣ кардааст.
Бердимуҳаммадов сафири Туркманистон дар Тоҷикистонро барканор кард: сабаб
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Сардор Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон сафири ин кишвар дар Тоҷикистонро аз мақом барканор кард.
Хемра Тогалаков бинобар гузаштан ба кори дигар аз вазифаи сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Туркманистон дар Тоҷикистон озод карда шуд.
Намояндаи нави ин давлат дар Тоҷикистон Аймират Гоҷмуродов таъйин шудааст.
Манбаъ меафзояд, бо фармони дигари Бердимуҳаммадов сафирони Тукрманистон дар Гурҷистон ва Ӯзбекистон низ ба мақом барканор шуданд.
Ҳамзамон чанде пеш сафири Тоҷикистон дар Туркманистон низ иваз шуд.
Эмомалӣ Раҳмон бо имзои як дастур Шарифзода Фаррух Ҳомиддинро аз вазифаи сафир дар Туркманистон барканор кард.
Далели барканории Фаррух Шарифзода гузаштан ба кори дигар арзёбӣ гардидааст. Ба ҳайси сафири нави Тоҷикистон дар Туркманистон бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, Ниятбекзода Вафо Алибек таъйин гардидаст.