Пизишкони тоҷик дар Эрон бозомузӣ мешаванд

Мақомоти Эрон мегӯяд барои пизишкони тоҷик барномаҳои таҳсилотиро дар шакли кутоҳмуддат ва дарозмуддат барномарезӣ хоҳад кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Вазири беҳдошт ва дармону омӯзиши пизишкии Эрон Баҳром Айнуллоҳӣ гуфт, ки дар ояндаи наздик тафоҳумномаҳоеро дар Тоҷикистон, дар ин бора имзо хоҳем кард, иттилоъ додааст хабаргузории “Парс Тудей”.
Ба гуфтаи вай акунун ҳавзаи омӯзиш, теъдоде аз пизишкони Тоҷикистон дар Эрон дар ҳоли таҳсил ҳастанд.
“Мо таҳсилро ба шакли кутоҳмуддат ва дарозмуддат барояшон барномарезӣ мекунем. Ҳамчунин ин замина вуҷуд дорад, ки устодони донишгоҳҳои улуми пизишкии кишвари мо ва устодони Тоҷикистон битавонанд ҳамоишҳо ва барномаҳои муштарак дошта бошанд”,- гуфтааст ӯ.
Вай илова кард, ки баъд аз ин музокирае бо вазири тандурустии Тоҷикистон тавфиқеро пайдо кардем, ки аз бемористони Ибни Сино ҳам боздиде дошта бошем.
Муовини Бег Сабур бо Вазири фанновариҳои иттилоотӣ ва иртиботи Эрон чиро баррасӣ кард?
Вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкӣ гуфт: Мардуми Тоҷикистон ба пизишкон ва дармон ва дорӯи эронӣ бисёр эътиқод пайдо кардаанд ва натоиҷи бисёр хуби онро тавонистанд бубинанд ва алъон ҳам масъулони кишвари Тоҷикистон ва ҳам мардум тақозо доранд, ки содироти дорӯи эронӣ ба шаҳри Душанбе ва ба кишвари Тоҷикистон тасҳил шавад.
“Масъулон ва мардуми Тоҷикистон тақозо доранд, ки содироти дорӯи эронӣ ба ин кишвар тасҳил шавад”, - қайд кард вазири эронӣ.