Рӯзҳои истироҳати оянда - 15-16 июл дар боғҳои фарҳангу фароғатии Душанбе ярмаркаҳои маҳсулоти кишоварзӣ баргузор шуд.
Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, ярмаркаҳо дар боғҳои фарҳангу истироҳати “Хайём” (маҳсулоти кишоварзони Панҷакент), дар боғи фарҳангу истироҳати “Боғи кӯдакон” (деҳқонони ноҳияи Ашт), дар боғи “Куруши Кабир” (кишоварзони Норак) барпо гаштанд.
Дар ин ярмаркҳо сокинони пойтахт имкон доштанд маҳсулотро бо нархи дастрас пайдо намоянд.
Рӯзи 16 июл дар “Боғи Ирам” (Боғи ботаникӣ) маҳсулоти кишоварзони шаҳри Исфара, дар боғи “Кӯли ҷавонон” - маҳсулоти кишоварзони ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ва дар боғи “Алишери Навоӣ” - маҳсулоти кишоварзони ноҳияи Хуросон ба маърази тамошо фурӯш гузошта шуд.
Дар Вазорати кишоварзӣ зикр мекунанд, ки дар ин ярмаркаҳо маҳсулоти кишоварзӣ бо нархҳои нисбатан арзон аз бозор фурӯхта мешавад.
Масалан, 1 кило картошка 4-4,50 сомонӣ, пиёз — 1,80-2 сомонӣ, сабзӣ — 3 сомонӣ, 1 кило гӯшти гов — 55 сомонӣ, 30 дона тухм — 27 сомонӣ, мева — аз 2 то 5 сомонӣ, 1 дона тарбуз — 10 -12 сомонӣ, 5 литр равған — 65 сомонӣ ва як халта орд (50 килоӣ) — 210 сомонӣ нарх доштанд.