Мулоқоти сеҷонибаи вилоятҳои Суғд, Фарғона ва Бодканд: Ҳамсояҳо чиро баррасӣ карданд?

Раиси вилояти Суғд барои иштирок дар мулоқоти минтақавии раисони вилоятҳои Суғди Тоҷикистон, Фарғонаи Ӯзбекистон ва Бодканди Қирғизистон ба Қирғизистон сафар намуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Таъкид шудааст, ки мақсад аз мулоқоти сеҷонибаи раисони вилоятҳои Суғду Фарғона ва Бодканд, ин расидан ба зиндагии беҳтари минтақа аст.
Ҳайати вилояти Суғд бо роҳбарии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода барои иштирок дар мулоқоти минтақавии раисони вилоятҳои Суғди Тоҷикистон, Фарғонаи Ӯзбекистон ва Бодканди Қирғизистон ба Қирғизистон сафар кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, мулоқоти сеҷонибаи Раиси вилояти Суғд, намояндаи ваколатдори Президенти Қирғизистон дар вилояти Бодканд Абдикарим Алимбаев ва ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров дар шаҳри Иссиқкӯл сурат гирифт.
Иштирок дар мулоқоти сеҷонибаи раисони вилоятҳои Суғд, Фарғона ва Ботканд
Раҷаббой Аҳмадзода дар ин дидор таъкид кард, ки солҳои ахир ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва гуманитарӣ миёни минтақаҳо мустаҳкам гардида истодааст.
“Таҳкими муносибатҳои минтақавӣ аз ҳамсоядории хуби мардумони тоҷику ӯзбек ва қирғиз сарчашма гирифта, равобити кишварҳо таърихи дерина дорад”,- гуфт ӯ.
Қайд карда шуд, ки мулоқоти сеҷонибаи раисони вилоятҳои Суғду Фарғона ва Ботканд, ки дар рӯҳияи созанда ҷараён дорад, натиҷаи талошҳои пайвастаи сарони давлатҳо дар роҳи расидан ба зиндагии беҳтари минтақа аст.
Баррасии ҷалби қувваи корӣ аз вилояти Суғд ба Корея
Дар мулоқот, ҳамзамон, намояндаи ваколатдори Президенти Қирғизистон дар вилояти Ботканд Абдикарим Алимбаев ва ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров сухан гуфта, таҳкими робитаҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ миёни вилоятҳои се кишвари Осиёи Марказиро заруру муфид арзёбӣ карданд.
Ёдовар мешавем, ки дар ин сафар роҳбари вилоятро роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва раисони шаҳру ноҳияҳои наздисарҳадӣ ҳамроҳӣ доранд.