Мактаббачагон дар Эрон метавонанд забони русиро омӯзанд

Гуногунӣ дар интихоби забони хориҷӣ барои таҳсил дар мадориси эронӣ ҳам ба далели ниёзҳои пайдошуда ва бо дархости донишҷӯён ба вуҷуд омадааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Барномаи таълимии мактабҳо дар Эрон ба донишҷӯён имкон медиҳад, ки ба ҷои инглисӣ забони русӣ ё забони дигареро, ки барои таҳсил пешбинӣ шудааст, интихоб кунанд.
Дар ин бора Фотима Рамазонӣ, дабири Кумиссиюни барномаи таълимӣ ва омӯзишии Шӯрои олии таълим ва маорифи Эрон хабар дод.
"Мактаббачагон бояд як забони хориҷиро омӯзанд... аммо ин забон ҳатмӣ нест, ки танҳо инглисӣ бошад", - таъкид кард ӯ.
Кӯдакон метавонанд аз забонҳои англисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, итолиёвӣ, арабӣ ва испанӣ якеро интихоб кунанд, гуфт ӯ.
Илова бар ин, рӯйхати забонҳое, ки барои омӯзиш дастрасанд, бо забонҳои русӣ ва чинӣ пурра карда шуданд.
Русия қасд дорад барои фарзандони муҳоҷирон курсҳои иловагии забони русӣ роҳандозӣ кунад
Фарқият дар интихоби забони хориҷӣ барои таҳсил дар мактаб ҳам бинобар ниёзҳои пайдошуда ва ҳам бо дархости донишҷӯён ба вуҷуд омадааст, гуфт Фотима Рамазонӣ.
Ба гуфтаи котиби комиссияи барномаи таълимию Шӯрои олии маориф ва таълим, бинобар нарасидани омӯзгорони як қатор забонҳо на ҳар мактаб омода аст ба хонандагон чунин имконият фароҳам оварад.
"Дар ин ҳолат мактаб бояд масъалаи таъмини донишомӯзон бо омӯзиши онлайнро баррасӣ кунад",- гуфт ӯ.