Изҳороти Вазорати хориҷаи Русия дар бораи ҳамла ба пули Қрим

Намояндаи Вазорати умури хориҷаи Русия ахиран дар як изҳороти худ дар ҳамла ба пули Қрим режими Киевро гунагор донист
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Сухангӯи вазорати хориҷаи Русия Мария Захарова дар Telegram канали худ навиштааст, ки ҳамла ба пули Қримро режими Киев анҷом додааст.
Хонум Захарова таъкид кардааст, ки тасмими ин ҳамларо мақомоти Украина ва низомиён бо ширкати хадамоти кашфи ИМА ва Бритониё гирифтаанд.
Рӯзи душанбе раисҷумҳури Қрим Сергей Аксенов эълом дошт, ки ҳаракати нақлиёт дар пули Қрим ба далели вазъияти изтирорӣ дар минтақаи сутуни 145-ум аз тарафи Краснодар қатъ шудааст.
Оқои Аксенов аз сокинони Қрим ва меҳмонони нимҷазира даъват кард, ки аз сафар тавассути пули Қрим худдорӣ кунанд ва роҳи дигар тавассути минтақаҳои навро интихоб кунанд.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Ин ҷиноят аст: Путин гуфт, Русия ҳам бомбҳои хӯшаӣ дорад ва метавонад посух диҳад
Ба гуфтаи волии вилояти Белгород Вячеслав Гладков, дар натиҷаи ин ҳодиса ду сокини ин вилоят, як мард ва як зан кушта ва духтари ноболиғи онҳо захмӣ шудаанд.
Маълумот дар бораи ду нафари кушташударо Вазорати тандурустии Краснодар тасдиқ кардааст.
"Ҳамлаи имрӯза ба пули Қримро режими Киев анҷом додааст. Ин режим террористӣ аст ва ҳама нишонаҳои гурӯҳи созмонёфтаи ҷиноии байналмилалиро дорад", — навиштааст Захарова.
Вай афзуд, "тасмимҳо аз ҷониби мақомоти Украина ва низомиён дар ҳамкорӣ бо оҷонсиҳои истихборотии Амрико ва Бритониё ва сиёсатмадорон қабул карда мешаванд."
Дипломати рус таъкид кард, ки Иёлоти Муттаҳида ва Бритониё "роҳбарии сохтори давлати террористиро амалӣ мекунанд".