Ҳайати Толибон* даъвати Русия ба нишастро пазируфтанд?

Фиристодаи вижаи раисҷумҳури Русия дар умури Афғонистон таъйид кард, ки ҳайати Толибон* - ро ба нишасти "формати Маскав" даъват кардаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Толибон* даъватро ба мулоқоти навбатии "формати Маскав" дар масоили сулҳ дар Афғонистон қабул кардаанд.
Дар ин бора фиристодаи вижаи раисҷумҳури Русия дар умури Афғонистон, Замир Кобулов иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, дар ин мулоқот дар баробари Толибон* ҳамчунин ҳамаи аъзои формати Маскав иштирок хоҳанд кард.
Маврид ба зикр зикр аст, ки дар "формати Маскав" намояндагони кишварҳои минтақа, аз ҷумла Русия, Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Чин, Покистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистонро шомил мебошад.
Дар мавриди замони баргузории ин ҳамоиш дар масоили Афғонистон, Кобулов изҳор дошт, ки он моҳи сентябри соли равон ба нақша гирифта шудааст.
Афғонистон хостори лағви таҳримҳои тиҷорӣ шуд
Интизор меравад, ки намояндагони "формати Маскав" ин дафъа дар шаҳри Қазон ҷамъ меоянд.
Ёдовар мешавем, ки "формати Маскав"-и машваратҳо дар масоили сулҳу ҷанги Афғонистон соли 2017 таъсис дода шуда буд.
Охирин чунин мулоқот моҳи ноябри соли 2022 баргузор гардида буд, ки он замон намояндагони Толибон* ба он даъват нашуда буданд.
Толибон* дар маҷмӯъ аз формати Маскав хуш истиқбол гирифта, таъкид намуданд, ки тамарқузи таваҷҷӯҳ ба сулҳ дар Афғонистон ҳамчун кишвари воҳид ва мустақил аз нигоҳи иқтисодӣ рушдёфта қобили дастгирист.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ташаккули ҳукумати фарогир бо иштироки намояндагони ҳамаи қавмҳои ва гурӮҳҳои сиёсии кишварро талаб дорад.
*-гуруҳ барои фаъолияти террористӣ таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.