Бонки миллӣ аз шахсону ширкатҳо дар Тоҷикистон хост, омодаи пардохтҳои ғайринақдӣ бошанд

Бонки миллии Тоҷикистон хотиррасон кард, ки аз 1 августи соли равон пардохти тамоми хизматрасониҳои муздноки давлатӣ тариқи ғайринақдӣ амалӣ карда мешаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ ва хоҷагиҳои деҳқониро зарур аст, ки барои анҷом додани пардохтҳои ғайринақдии хизматрасониҳои давлатӣ аз суратҳисоби бонкӣ истифода намоянд.
Дар ин бора Бонки миллии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия хабар дода, афзудааст, ки соҳибкорону ширкатҳо барои ин раванд бояд омода шаванд.
"Дар сурати надоштани суратҳисоби бонкӣ онҳо метавонанд, ба дилхоҳ ташкилоти қарзии молиявӣ муроҷиат намуда, суратҳисоби бонкӣ кушоянд", - омадааст дар иттилоия.
Ин ниҳод тавзеҳ додааст, ки барои амалӣ намудани пардохти хизматрасониҳои муздноки давлатӣ шахсони воқеӣ - аҳолӣ метавонанд аз кортҳои пардохтии бонкӣ, ҳамёнҳои электронӣ, барномаҳои мобилӣ ва Интернет- бонкинг, POS терминалҳо ва QR-рамзҳо истифода намоянд.
Аз интернети босуръат то гузаштан ба пардохтҳои ғайринақдӣ: Раҳмон машварат баргузор кард
Ба гурӯҳи хизматрасониҳои муздноки давлатӣ пардохти андозҳо, боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои тиббӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ ва намудҳои дигари хизматрасониҳои давлатӣ дохил мешаванд, омадааст дар иттилоия.
Бонки миллии Тоҷикистон зикр намудааст, ки бо фармони президент дар кишвар ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ вусъат дода мешаванд.
Аз ҷумла таъкид гардид, ки аз 1 августи соли 2023 пардохти тамоми хизматрасониҳои муздноки давлатӣ тариқи ғайринақдӣ амалӣ карда мешаванд.