Баррасии ҷалби қувваи корӣ аз вилояти Суғд ба Корея

Раҳбари вилояти Суғд аз мақомоти Корея хост дар бахшҳои кишоварзӣ ва саноат ҳамкориро густариш бахшанд ва дар амалишавии лоиҳаҳои муфид саҳм гузоранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо узви комиссияи Тоҷикистону Корея оид ба ҳамкории иқтисодӣ Гон Чон Хун ва ҳамроҳонашро дидору гуфтугӯ кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти мақомоти вилоят.
Бино бар иттилоии манбаъ, дар мулоқоти ҷонибҳо масоили ҳамкорӣ, ҷалби сармоя ба иқтисодиёти Тоҷикистон барои таъсиси корхонаҳои муштарак ва азхудкунии заминҳо, инчунин - ҷалби қувваи корӣ ба Ҷумҳурии Корея баррасӣ гардид.
Раиси вилоят дар ин мулоқот таъкид кард, ки бо истифода аз имкониятҳо ҳамкориро бо шарикони хориҷӣ боз ҳам мустаҳкам менамояд.
Раҷаббой Аҳмадзода қайд кард, ки ҷониби Корея ва соҳибкорони ин кишвар метавонанд дар бахшҳои кишоварзӣ ва саноат ҳамкориро густариш бахшанд ва дар амалишавии лоиҳаҳои муфид саҳм гузоранд.
Тиҷорати хориҷии вилояти Суғд наздик ба 1,4 млрд. доллар расид
“Дар ин раванд ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар азхудкунии заминҳо, кишту парвариши маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла - ҷуворимакка, таъсиси корхонаҳои саноатӣ ба манфиати кор арзёбӣ гардид”, - қайд кардааст манбаъ.
Дар ҳамин ҳол, Гон Чон Хун дар навбати худ изҳор дошт, ки ҳадаф аз ташриф - ин тақвияти ҳамкорӣ, ба роҳ мондани алоқаи мустаҳкам байни доираҳои тиҷоратии ду кишвар ба ҳисоб меравад.
Ӯ ҳамчунин афзуд, ки ҷониби Корея омода аст, саҳми худро дар татбиқи лоиҳаҳои хурду бузург гузорад.
Ёдовар мешавем, ки дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ дар вилояти Суғд ба маблағи беш аз 12 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шудааст.