Афзоиши тавлиди маҳсулоти кишоварзӣ дар шимоли Тоҷикистон

Кишоварзони шимоли Тоҷикистон дар давоми 6 моҳи аввали соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба маблағи зиёда аз 4,2 млн сомонӣ маҳсулот ба даст оварданд.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Тавлиди маҳсулоти кишоварзӣ дар вилояти Суғд тайи нимсолаи аввали соли равон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 15% таъмин шудааст.
Ба иттилои омори расмӣ, кишоварзони вилоят ба ҳолати аввали моҳи июл дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба маблағи ​4,2 млрд сомонӣ маҳсулот тавлид кардаанд.
Таъкид шудааст, ки дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят дар майдони зиёда аз 280 ҳазор гектар кишти зироатҳо гузаронида шудааст.​
Мақомоти Суғд мегӯянд, аз ҷумла дар вилоят истеҳсоли сабзавот ба зиёда аз 88 ҳазор тона расонида шудааст. Инчунин, тавлиди мевагиҳо ба 91 ҳазор тон баробар шудаст.
Баррасии ҷалби қувваи корӣ аз вилояти Суғд ба Корея
Тибқи омор, истеҳсоли пиёз 1%, картошка 0,3%, полезӣ 11% ва мевагиҳо зиёда аз 2 баробар бештар ҷамъоварӣ карда шуданд.
Маврид ба зикр аст, ки дар давоми 6 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Суғд ба маблағи зиёда аз 12 млрд сомониро ташкил дод.
Дар умум, ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Суғд дар моҳҳои январ-июни соли 2023 ба зиёда аз 1,35 млрд доллари амрикоӣ баробар шуд.
Ба иттилои муовини раиси ин вилоят Хол Ҳайдар, ҳаҷми воридоти коло дар нимсолаи аввал муодили 926 млн доллар шуда, содирот ба 424 млн доллар баробар гардидаст.