Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Ин ҷиноят аст: Путин гуфт, Русия ҳам бомбҳои хӯшаӣ дорад ва метавонад посух диҳад

Нерӯҳои Русия навъҳои мухталифи аслиҳаи хӯшаиро дорад ва дар сурати истифодаи чунин навъи аслиҳа аз ҷониби қувваҳои Украина ҳақ хоҳад дошт, ки посух диҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Русия ҳақ дорад, ки ба истифодаи бомбаҳои кассетӣ ё худ хӯшаӣ алайҳи худ, посухи ҳамчунинӣ диҳад, изҳор дошт раисҷумҳур Владимир Путин.
Ба гуфтаи ӯ, Русия гарчанде анвои мухталифи ин навъи силоҳро дорад, то ҳол аз истифодаи он худдорӣ кардааст, гарчанде дар як марҳилаи муайяни маълум дучори камбуди аслиҳа шуда буд.

"Бо вуҷуди камбуди маълуми муҳиммоти ҷангӣ дар як муддати муайян мо ин корро накардаем. Аммо, албатта, агар онҳо бар зидди мо истифода шаванд, мо ҳуқуқи инъикоси амалҳоро хоҳем дошт", - гуфт Путин.

Ба гуфтаи Путин, Иёлоти Муттаҳида барои он барои интиқоли муҳиммоти ҷангии хӯшаӣ тасмим гирифтааст, ки дучори камбуди аслиҳа шуданд.
"Артиши Украина дар як шабонарӯз барои амалиёти ҷангӣ то 5 - 6 ҳазор снаряди калибрии 155-мм сарф мекунад, дар ҳоле ки Иёлоти Муттаҳида дар як моҳ 15 ҳазор снаряд истеҳсол мекунад. Ин намерасад ва дар Аврупо ҳам аллакай кофӣ нест", - гуфт раисҷумҳур.
Вай афзуд, ки дар чунин шароит ИМА ба ҷуз пешниҳод кардани истифодаи бомбаҳои хӯшаӣ чизи беҳтаре наёфтанд.
Ин дурӯягист: вокуниши Маск ба интиқоли бомбҳои хӯшагӣ ба Украина
Путин хотиррасон кард, ки худи маъмурияти ИМА чанде қабл истифода бурдани бомбаҳои хӯшаиро ҷиноят хонда буд. Ӯ илова намуд, ки бархӯрд бо ин иқдом бояд чун бо ҷиноят бошад.
Рӯзи 7 июл раисиҷумҳури ИМА Ҷо Байден тасмими худ дар бораи таъмини режими Киев бо силоҳҳои хӯшаӣ эълон кард ва як ҳафта баъд Пентагон хабар дод, ки Украина онҳоро на танҳо аз ИМА, балки аз дигар кишварҳо низ дарёфт кардааст.
Маскав таъкид кард, ки чунин интиқолҳо ба мардуми осоишта таҳдид мекунанд ва ҳадафи он тамдиди бӯҳрон аст.