Навори зарбаи артиллеристҳо ба нуқтаи ҷамъоии мошинҳои зиреҳпӯши Қувваҳои Мусаллаҳи Украинаро Вазорати мудофиаи Русия нашр кард.
Бар асоси видеои нашркардаи Вазорати дифоъ дида мешавад, ки ҳайати артиллерии Ҳавзаи марказии ҳарбии Русия аз гаубитсаи 152 мм-ӣ маъруф бо номи Д-20 бо оташкушоиии дақиқ як мошини ҷангии пиёданизомро нобуд мекунад.
Тавзеҳ дода шудааст, ки зарбаи мазкур ба техникаи ҳариф дар самти Краснолиманский дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ расонда шудааст.
Дар ҷараёни корҳои ҷангӣ артиллеристҳо дар ҳамкорӣ бо операторони ҳавопаймоҳои бесарнишин ба ҷамъшавии мошинҳои зиреҳпӯши Қувваҳои Мусаллаҳи Украина зарба заданд.
Тағайирот дар тирандозӣ дар вақти воқеӣ анҷом дода шуд, ки ин имкон дод, техникаи душман бо миқдори ками тир дар масофаи беш аз 12 км нобуд карда шавад.
Маврид ба зикр аст, ки Русия аз 24 феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомӣ анҷом медиҳад.
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин вазифаи онро "ҳифозати одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Ба гуфтаи раҳбари Русия, ҳадафи ниҳоии амалиёт озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти кишварро кафолат медиҳад.