ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон дар бахши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Дар ин бора Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки баргузории ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии ду кишвар тирамоҳи соли равон дар назар аст.
Ба иттилои манбаъ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, Сироҷиддин Муҳриддин дар доираи сафари расмияш ба Туркманистон, бо ҳамтои туркманаш Рашид Мередов омодагӣ ба ин ҳамоишро баррасӣ намуд.
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон афзуд, ки Душанбею Ишқобод азму иродаи ҳарду ҷонибро баҳри афзоиш додани ҳаҷми савдои дуҷониба дар солҳои наздик тасдиқ намуданд.
Дар доираи сафараш ба Ишқобод, Муҳриддин бо президенти кишвари мизбон, Сардор Бердимуҳаммадов низ мулоқот карда, паёму таманниёти неки раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмонро ба ӯ расонд.
Қайд гардид, ки ба шарофати иродаи сиёсии сарони ду давлат ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркманистон бемайлон рушд намуда, соли ҷорӣ ба сатҳи нави шарикии стратегӣ бароварда шуд.
Зимни музокирот таваҷҷуҳи вежа ба харитаи роҳ оид ба татбиқи натиҷаҳои сафари давлатии президенти Туркманистон ба Тоҷикистон дар нимаи аввали моҳи майи соли равон зоҳир гардидаст.