ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Вазири умури хориҷии Тоҷикистон, Сироҷиддин Муҳриддин дар доираи сафари расмӣ ба Туркманистон, бо президенти кишвари мизбон, Сардор Бердимуҳаммадов мулоқот кард.
Ба иттилои дафтари матбуоти ВУХ Тоҷикистон, Муҳриддин паёму таманниёти неки раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмонро ба Бердимуҳаммадов расонд.
Қайд гардид, ки ба шарофати иродаи сиёсии сарони ду давлат ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркманистон бемайлон рушд намуда, соли ҷорӣ ба сатҳи нави шарикии стратегӣ бароварда шуд.
Муҳриддин ҳамчунин бо ҳамтои туркманаш Рашид Мередов музокирот анҷом дод, ки зимни он масъалаҳои муҳимми муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ ва ғайра баррасӣ гардид.
Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва вазъи Афғонистон ибрози назар карданд.
Зимни музокирот таваҷҷуҳи вежа ба харитаи роҳ оид ба татбиқи натиҷаҳои сафари давлатии президенти Туркманистон ба Тоҷикистон дар нимаи аввали моҳи майи соли 2023 зоҳир гардид.
Роҳбарони ниҳодҳои сиёсати хориҷии ду давлат масоили тайёрӣ ба вохӯрии ҷашнии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Аралро, ки қарор аст 14-15 сентябр дар Душанбе баргузор шаванд, муфассал баррасӣ карданд.
Дар ин замина изҳори боварӣ гардид, ки саммитҳои дарпешистодаи Душанбе раванди рушди ҳамкориҳои минтақавиро сифатан мукаммал хоҳанд кард.