Криштиану Роналду дигарбора ба Китоби рекордҳои Гиннес ворид шуд

Даромади ин футболбози номӣ ҳамакнун аз Лионел Месси, ҳамлагари аргентинӣ, ки соли гузашта 130 млн доллар даромад гирифта буд, пеш гузашт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Криштиану Роналду, футболбози тими “Ан-Наср”-и Арабистони Саудӣ дар соли 2023 аз ҳама варзишгари гаронарзиштарини ҷаҳон шуд.
Даромади софи Роналду, ки дар 12 моҳ то 1 майи соли 2023 ба даст овардааст, тибқи маълумоти Forbes, 136 млн доллар аст. Ба ин маблағ 46 млн доллар дар майдон ва 90 млн доллар берун аз майдон дохил мешавад.
Ҳамин тариқ Роналду аз ҳамлагари аргентинӣ Лионел Месси, ки дар соли гузашта 130 млн доллар даромад гирифта буд, пеш гузашт.
Роналду дар бозӣ бо Лихтенштейн рекорди нав гузошт
Соли 2023 Месси бо 130 млн доллар дар ҷои дуввум ва форварди ПСЖ Килиан Мбаппе бо 120 млн доллар дар ҷои сеюм қарор гирифтанд.
Моҳи гузашта Криштиану Роналду аввалин бозигар дар таърих шуд, ки дар ҳайати тими миллӣ 200 бозии расмӣ анҷом додааст.