Пешниҳоди номзадии Дилшод Назаров ба мақоми нави байналмилалӣ

Президенти Шӯрои олимпи Осиё изҳори умед кардааст, ки гурзандози тоҷик ва қаҳрамони олимпӣ дар мақоми наваш барои рушди варзиш мусоидат хоҳад кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Президенти нави Шӯрои олимпии Осиё Шайх Талол Фаҳад Ал Сабоҳ ноиби президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистонро ба мақоми нав дар кумитаи иҷроияи ин Шӯро пешниҳод кардааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон иттилоъ дода, паёми Шайх Талол ба Дилшод Назаровро дар ин бора нашр намудаст.
Бар асоси ин паём, Назаров, ки ҳамчунин раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон, ба узвияти Кумитаи иҷроияи Шӯрои олимпии Осиё барои давраи солҳои 2023-2027 пешниҳод гардидаст.
Шайх Талол изҳор умед кардааст, ки бо намояндаи Тоҷикистон барои пешбарӣ ва рушди ҳаракати олимпӣ дар Осиё ва таҳкими минбаъдаи дӯстӣ ҳамкории хуб хоҳанд дошт.
Интизороти Раҳмон аз натоиҷи баланди ҷудокорони тоҷик дар Гран-прии Душанбе-2023
Маврид ба зикр аст, ки ба ноиби президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва қаҳрамони олимпӣ аз Тоҷикистон инчунин ахиран унвони фахрии Сафири ҳусни нияти Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дода шуд.
Дилшод Назаров, қаблан аз вазифаи муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумат озод гардида, феълан корашро дар мақоми ноиби президенти Куимтаи миллии олимпии кишвар идома медиҳад. .
Назаров ягона варзишгари тоҷик аст, ки дар Бозиҳои олимпӣ таҳти парчами Тоҷикистон сазовори унвони қаҳрамонӣ ва медали тило шуд. Айни ҳол Тоҷикистон 4 медали олимпӣ, аз ҷумла 1 тило, 1 нуқра, 2 биринҷӣ дорад.