ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Аз интернет то буҷа ва гузаштан ба ҳисоббаробаркунии нақдӣ аз мавзуъҳои меҳварии машварат буданд, ки раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон баргузор кард.
Ба иттилои дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, дар машварат раиси Маҷлиси миллӣ, Рустами Эмомалӣ, сарвазир, Қоҳир Расулзода ва мақомдорони дигари баландпоя иштирок доштанд.
Дар кори машварат аз ҷумла рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт ва хизматрасониҳо, баланд бардоштани рақобатнокии корхонаҳои саноатии кишвар, зиёд кардани лоиҳаҳои сармоягузорӣ баррасӣ шуданд.
Мукаммалсозии қонунгузорӣ дар самти сармоягузорӣ ва беҳтар гардонидани мавқеи Тоҷикистон дар радабандии созмонҳои байналмилалӣ аз мавзӯҳои дигари машаварат буд.
Дафтари матбуот афзуд, ки президент таъмин намудани суръати баланди интернет ва дастрас будани нархи онро барои рушди иқтисоди рақамӣ муҳим хонд.
Ҳамчунин барои иҷрои саривақтӣ ва босифати буҷети давлатӣ, рушди корхонаҳои истеҳсолӣ, ҷалби бештари сармоягузориҳо, хусусан сармояи мустақим супориш дод.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаст, ки фармон дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ саривақт иҷро гардад.
Маврид ба зикр аст, ки тибқи ин фармон аз 1 августи соли 2023 пардохти андозҳо, боҷҳои давлатию пардохтҳои дигари ҳатмии буҷавӣ, ҷаримаҳо, хизматрасониҳои тиббиву коммуналӣ ва ғайра бояд тариқи ғақринақдӣ амалӣ карда шаванд.