ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Миёни Тоҷикистону Русия ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаи саноат имконпазир аст.
Ин имкон дар мулоқоти вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Шералӣ Кабир бо президенти Ширкати мисии Русия (РМК) Василченко дар намоишгоҳи "Иннопром-2023" баррасӣ шуд.
Раҳбари Вазорати саноат ва аъзоёни ҳайати намояндагони расмӣ бо сардории у ба Ширкати мисии Русия омада, бо фаъолияти корхона хаматарафа ва равшан шинос шуданд.
Шералӣ Кабир ва Андрей Василченко роҷеъ ба имконоти роҳандозии ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Русия дар бахши саноат, бахусус дар бахши металлургияи ранга табодули назар карданд.
Қаблан, дар ҷаласаи намоишгоҳи "Иннопром-2023" дар Екатеринбург вазир гуфта буд, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон дар давоми 5 сол бояд ду баробар афзоиш ёбад.
Инчунин, кишвар метавонад дар бозори ҷаҳонии иқтисоди сабз ҷои яке аз таъминкунандагони асосии металлро ишғол кунад.