ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ ва Котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Маҳмудзода Насруллоҳ аз рафти корҳои сохтмонии хонаҳои истиқоматӣ барои сокинони аз офати табиӣ зарардида дар деҳаи Анҷини ноҳияи Роштқалъа дидан намуданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси ВМКБ хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, зимни боздид аз рафти корҳои сохтмонӣ дар хонаҳои истиқоматӣ, барои сокинон аз офати табиӣ зарардида Раиси ВМКБ ва Котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон бо масъулин ва сохтмончиён суҳбат карданд.
Зимни мулоқот раиси ВМКБ ба масъулин барои дар муҳлатҳои муаяйнгардида ва бо сифати баланд сохтани хонаҳо дастуру супоришҳои иловагӣ дод.
Ёдовар мешавем, ки дар натиҷаи якбора гарм шудани ҳаво, обшавии босуръати пиряхҳо, баландшавии оби дарёи Шоҳдара ва омадани сел дар деҳаи Миденведи деҳоти Барвози ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон офати табиӣ рух дод.
Офати табиӣ ба чандин хонаи истиқоматии аҳолӣ, роҳу пулҳо, иншооти иҷтимоӣ ва заминҳои кишоварзӣ зарар расонид.
Қаблан раисҷумҳури кишвар ба масъулин дастур дода буд, ки барои бартарафсозии оқибатҳои офати табиии рухдода дар Рошқалъа тадбирҳои зарурӣ ва фавриро андешанд.
Бо супориши раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон комиссияи ҳукуматӣ дар умури бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ таъсис дода шуда буд.