Супориши Рустами Эмомалӣ дар бори пурзур намудани назорати сохтмони иншоот дар Душанбе

Раиси шаҳри Душанбе ба мушкилоти худсарона ишғол кардани замин ва таъмини амнияти санитариву экологӣ пойтахт таваҷҷӯҳи хос зоҳир кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 июль — Sputnik. Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз мақомоти шаҳр хостааст, назоратро бар сифати иҷрои корҳои сохтмонӣ пурзур намоянд.
Дар ин бора ӯ иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум, ки дар он ҳамчунин кормандони мақомоти шаҳрдорӣ, роҳбарони корхонаву муассисаҳои шаҳр, раисони ноҳияҳо, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ширкат доштанд, изҳор дошт.
Рустами Эмомалӣ ба ҳозирин барои пурзўр намудани назорат дар соҳаи меъморию шаҳрсозӣ ва сохтмон, хизматрасониҳои коммуналӣ, ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дар самти мавқуф гузоштан ё тул кашидани корҳои сохтмонии иншоотҳои соҳаи маориф, тандурустӣ, коргоҳу корхонаҳои саноатӣ, роҳҳо ва дигар иншоотҳои хизматрасонӣ, дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Супориши Рустами Эмомалӣ дар бораи таъмини амнияти шаҳрвандон
Инчунин раиси шаҳр вобаста ба ҳуқуқвайронкуниҳо дар самти худсарона ишғол намудани қитъаҳои замин, таъмини амнияти санитариву экологии шаҳр, таъмини сифати иҷрои корҳои сохтмонӣ, иваз намудани хатҳои муҳандисии куҳнаю фарсудагаштаи обу корезӣ ва гармидиҳӣ ва ҷалб намудани сармояи мустақим барои таҷдиди инфрасохтори шаҳрдорӣ, аз ҷумла дар ҳудудҳои ба шаҳри Душанбе воридгашта, дастур дод, ки чораҳои амалӣ андешида шавад.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон хонаҳои кӯҳна тадриҷан тахриб шуда, дар ҷои онҳо иншоотҳои баландошёна бунёд мешаванд.
Аммо ширкатҳои сохтмонӣ, ки иҷозатномаи шаҳрдории Душанберо доранд, аксар вақт ин қонунҳоро ба шакли гуногун шарҳ медиҳанд, ки боиси норозигии сокинони пойтахт мешавад.