ДУШАНБЕ, 13 июл – Sputnik. Нафароне, ки ба замбури асалпарварӣ дар вилояти Суғд машғуланд иброз мекунанд, ки аз таъсири тағйирёбии иқлим, гулу гандумзорҳо дуруст рушд накарда хушк шуданд ва чунин вазъ, барои ба даст овардани асали тозаи табиӣ таъсири амиқи манфӣ расонидааст.
Абдусаттор Шарифов, яке аз шумори асалпарварон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегуяд, даҳаи аввали июл мавсими асалгирӣ мебошад.
Ин ҳамсуҳбати Sputnik Тоҷикистон, изҳор намуд, ки ҳоло ҳаҷми ба даст овардани ин навъ маҳсули табиат коҳиш ёфтааст.
“Имсол ҷараёни асалгирӣ сустар. Солҳои қаблӣ дар чунин мавсим ҳар як замбур дар дохили қуттӣ то 14 – 16 ром асал меовард. Имсол асалдиҳии замбурҳо то 6 – 7 ром кам шудааст” – зикр кард, асалпарвар.
Абдусаттор мегӯяд, дар пайи гармшавии баланди ҳарорат гулу гиёҳҳо дуруст насабзида хушк шуданд ва аз ин ҳисоб замбурҳо гарду шириниии сабзазорҳоро, ки маҳаки асосии асалӣ табиӣ мебошад, бо худ гирифта натавонистанд.
Дигар асалпарварон ҳам изҳор намуданд, ки дар таҷрибаи кории худ, ки солҳои зиёдро фаро мегирад, бори аввал аст, ки ба чунин вазъ ру ба ру шудаанд.
Абдуазиз Маҳмудзода, муовини сардори Сарраёсати кишоварзии Суғд гуфт, ки давоми соли 2022 замбурпарварони вилоят 1561 тон асал ба даст оварда буданд.
Бино ба маълумотҳо асал ҳам аз зумраи маҳсулоти содиротӣ маҳсуб мешавад.
Асалпарварони суғдӣ умедворанд, ки соли оянд боду ҳавои табиат мусоид хоҳад шуд ва онҳо ҳосили фаровоне ба даст хоҳанд овард.