Бонкҳои Тоҷикистон дар шаш моҳ беш аз 9 миллиард сомонӣ қарз додаанд

Ҳаҷми қарзҳои додашуда қариб 9,3 миллиард сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб якуним баробар зиёд аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Низоми бонкии Тоҷикистон дар аз январ то июни соли 2023 ба маблағи беш аз 9 миллиард сомонӣ қарз дод.
Дар ин бора Неъматулло Ҳикматуллозода ёвари президенти ҷумҳурӣ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ зимни ҷаласа - ҷамъбасти кори бонкҳои Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2023 хабар дод.
Аз ҷумла, ҳаҷми қарзҳои додашуда қариб 9,3 миллиард сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,7 миллиард сомонӣ ё қариб якуним баробар зиёд мебошад.
Раиси БМТ аз рушди иқтисоду ММД-и Тоҷикистон ва доллар гуфт
Дар робита ба ин Ҳикматуллозода изҳор дошт, ки татбиқи ташаббуси Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мавриди афзоиши пешниҳоди қарз ба шаҳрвандон чораҳои иловагиро тақозо мекунад.
Вай аз ҷумла афзоиши теъдоди филлиалҳои бонкӣ, коҳиши мизони фоиз ва роҳандозии хадамоти нави электрониро ном бурд.
Ёдовар мешавем, тавре намояндагони Амонатбонк қайд карданд, дар 12 моҳи соли 2022 дар Тоҷикистон ҳамагӣ 51 нафар аз қарзи ипотекӣ ба маблағи умумии 10,7 миллион сомонӣ истифода кардаанд.