ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Варшава ба режими Киев барои ҷиноятҳои нав бастаҳои нави силоҳ медиҳад.
Ин нуктаро раиси Думаи давлатии Русия, Вячеслав Володин дар саҳифааш дар Telegram баён доштааст.
Ба гуфтаи ин сиёсатмадори рус, Лаҳистон бо аъмоли худ ба хотираи қурбониёни куштори Волин хиёнат мекунад.
Вай ёдовар шуд, ки ин рӯзи сешанбеи 11 июл Рӯзи ёдбуди қурбониёни куштори Волин дар Украинаи Ғарбӣ мебошад, ки аз ҷониби бандериҳо аҳолии лаҳистонӣ нобуд карда шуда буданд.
Дар давоми солҳои 1943—1944 даҳҳо ҳазор одамон — занон, бачагон ва пиронсолон ваҳшиёна кушта шуданд, қайд намуд раиси Думаи давлатӣ.
"Варшава ба хотираи қурбониёни фоҷиаи Волин хиёнат карда, ба режими Киев мунтазам бастаҳои аслиҳа барои ҷиноятҳои нав медихад", - гуфт ӯ.
Вай афзуд, ки лаҳистониҳоро зинда сӯзонданд, бо табару чӯб зада, дар чоҳҳо ғарқ карданд.
"Ин ҳама ваҳшигариҳо бо ҳуҷҷатҳои бойгонӣ, шоҳидони айнӣ, эътирофи худи ҷинояткорон тасдиқ карда мешавад", - афзуд ӯ.
Ба гуфтаи Володин, кушторро аъзои Созмони миллатгароёни Украина* ва қисми низомии он Артиши исёнгарони Украина* содир кардаанд.
Вақти он расидааст, ки давлатҳои аъзои НАТО дарк кунанд, ки онҳо чӣ гуна хатои даҳшатангез содир мекунанд, илова намуд Володин.
Вай ёдовар шуд, ки дастгирӣ аз ноозигароӣ дар солҳои 30-юми асри гузашта, боиси ҷанги дуюми ҷаҳонӣ гардид.
* Ташкилотҳои экстремистӣ, ки дар Русия мамнӯъ шудаанд.