ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Сухангӯи ҳукумати толибон* Забеҳуллоҳ Муҷоҳид изҳороти ахири раиси кумитаи равобити хориҷии маҷлиси намояндагони Амрико Майкл Маккол мабнӣ бар фурӯши силоҳҳои боқимонда аз он кишвар дар Афғонистон ба Эрону Фаластинро рад кард, иттилоъ додааст "Радиои дарӣ"
Намояндаги гурӯҳи толибҳо ин изҳороти мақомдори амрикоирӣ як таблиғот хонд.
“Ин як воқеиятест, ки пас аз ихроҷи неруҳои хориҷӣ ва ҳокимияти комили толибон, тамомии силоҳҳо, таҷҳизоту васоили нақлия дар анборҳо ва захоири ин кишвар нигаҳдорӣ мешавад ва ҳеҷ кас иҷозаи қочоқ ё фурӯши ҳатто як силоҳро надорад”, - афзуд Забеҳуллоҳ Муҷоҳид.
Сухангӯи ҳукумати толибҳо тасреҳ кард, ки ин навъи таблиғот тавтеъа касоне аст, ки ба дунболи таниш ҳастанд ва наметавонанд субот дар Афғонистонро таҳаммул кунанд.
Вай илова кард, ин ин касон ин масъаларо кӯркӯрона таблиғ мекунанд.
Амрикои пас аз хуруҷ аз Афғонистон (авохири моҳи августи соли 2021) беш аз ҳафт миллиард доллар таҷҳизоти низомӣ ва силоҳро дар Афғонистон ҷо гузоштааст.
Ҳузури низомӣ ва ишғолгарии низомиёни амрикоӣ муҷиби нобудии зери сохтҳои иқтисодӣ, беҳдоштии Афғонистон шудааст.
*- Созмон ё гурӯҳе, ки таҳти таҳримҳои СММ барои амалҳои террористиаш қарор дорад.