Тағйироти кадрӣ дар ҳукумати Хатлон

Дар мувофиқа бо роҳбари вилояти Хатлон дар Раёсати фарҳанг ва Раёсати ҷавонон ва варзиши минтақа тағйироти кадрӣ шуда, роҳбарони нав таъйин гардиданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Дар толори Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар маросими муаррифии сардори нави Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон баргузор гардид.
Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Хатлон хабар дода, афзуд, ки роҳбари нави Раёсати фарҳангро муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ муаррифӣ намуд.
Ба иттилои манбаъ, барои аҳли фарҳанги вилоят хабар дода шуд, ки ҳунарпешаи ҷавон Мустафои Ватан ба мақоми сардори Раёсати фарҳанг таъйин шудааст.
Тавзеҳ дода шуд, ки таъйиноти мазкур дар мувофиқа бо раиси вилояти Хатлон, Давлаталӣ Саид амалӣ гардид.
Тағйироти кадрӣ: Раҳмон Сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷонро барканор кард
Дафтари матбуоти ҳукумати Хатлон мегӯяд, Мустафои Ватан то ҳол роҳбари Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Саидалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб буд.
Зикр гардидааст, ки қаблан роҳбарии Раёсати фарҳанги Хатлонро Рамазон Насриддинзода ба уҳда дошт, ки ахиран ба далели гузштан ба кори дигар аз ин вазифа барканор шудааст.
Дафтари матбуоти ҳукумати Хатлон иттилоъ додааст, ки Рамазон Насриддинзода ба мақоми сардори Раёсати ҷавонон ва варзиши вилоят таъйин гардид.