Гуфта шудааст, ки худрави мусобиқавии белорусӣ, ки аз қисмҳои трактор сохта шудааст, метавонад то 320 км/соат суръат гирад.
Ин мӯъҷиза дорои тамоми хусусиятҳои худрави мусобиқавиро дорад. Мошин метавонад дар мусобиқаҳои "Формула 1" иштирок намояд, зеро суръати он 320 километр дар як соат будааст.
Ба навиштаи “Российская газета”, тамоми қисмҳои ин мошини аз тракторҳои белорусӣ сохта шудааст. Ин мошин оммавӣ нест, онро харидан ғайриимкон аст. Дар баробари ин, мошини дар ҳаракат аст ва пурра кор мекунад.
Имсол Белорус яке аз шарикони ширкати "Иннопром" мебошад. Сарвазири Россия Михаил Мишустин, ки дар он ҷо ҳозир буд, бо намунаҳои маҳсулот дар намоишгоҳ ошно шуд.
Инчунин оқои Мишустин дар ин намоишгоҳ аз мошини нави барқии сохти Русия “Е-Нева” низ шинос шуд. Ба иттилои расонаҳо, истеҳсоли васеи ин навъи мошини барқӣ бояд соли 2026 оғоз шавад.