Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Русия дар Тоҷикистон дар Душанбе консерти пианинонавози маъруф Денис Матсуев баргузор шуд.
Чорабинии мазкур, ки аз ҷумлаи ҷузъҳои аслии Рӯзҳои фарҳангӣ ба шумор мерафт, дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ пешниҳоди мухлисон гардид.
Ҳунарнамоии Матсуев баъди оғози расмии Рӯзҳои фарҳангӣ дар ҳузури мақомдорони тоҷику Русия сурат гирифт.
Дар қисми якуми консерт таҳти унвони "Ҳам классик ва ҳам ҷаз" пианинонавоз асарҳои классикиро навохт.
Маврид ба зикр аст, ки Рӯзҳои фарҳанги Русия дар Тоҷикистон то 13 июл бо иштироки даҳҳо масъули фарҳангу ҳунармандон баргузор мегардад.
Дар баробари Душанбе фарҳангиёни Русия инчунин аз шаҳри Хуҷанд боздид намуда, барои тамошобинон дар Суғд ҳунарнамоӣ мекунанд.
Маврид ба зикр аст, ки дар баробари Матсуеву ҳунармандони дигар, инчунин ансамбли давлатии академии рақси халқии "Налмэс"-и ҷумҳурии Адигея дар ин рӯзҳо бо барномаҳои ҷолибу диданиро пешниҳоди мухлисон мекунад.