Имзои боз як санад: Идомаи музокироти марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар додааст, ки музокироти дар бораит марз бо кишвари ҳамсоя дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон музокира карданд.
Дар ин бора дафтаи матбуоти вазорати хориҷаи Тоҷикистон хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ вахурӣ дар шаҳри Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шудаастю
“Дар асоси Нақша-ҷадвали кории вохӯриҳо барои соли 2023 рӯзҳои 3 – 9 июли соли 2023 дар шаҳри Ботканд мулоқоти навбатии гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии ду кишвар баргузор гардид”, - таъкид кардааст вазорат.
Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки аз натиҷаи вохӯрӣ Протоколи дахлдор ба имзо расид.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Баррасии нуқтаи марзии пайвандгари Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон
Ҳамзмон таъкид карда шудааст, музокирот дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуд.
Вазорати умури хориҷа илова кардааст, ки вохӯрии навбатии гуруҳи корӣ дар қаламрави Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш дар шаҳри Гулистон мулоқоти гуруҳи кории Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардида буд.
“Ҷонибҳо мушкилоти мавҷударо бо роҳҳои дипломатӣ ҳал намуда, барои таъмини​ амнияти сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ ва таҳкими муносибатҳои ҳамсоядорӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд”, иттилоъ дода буд дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.
Ҳамзамон дар ин музокирот масъалаи пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ байни аҳолии наздисарҳадӣ ва пешгирӣ аз истифодаи ҳамагуна силоҳ​ дар суҳбати​ генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва генерал-майор Уларбек Шаршиев баррасӣ шуда.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Вилояти Суғд ва Ботканд омодаанд дӯст шаванд? Натиҷаи музокирот
“Тарафҳо барои идомаи музокирот ва бо роҳи гуфтушунид ҳал намудани масъалаҳои пешоянда мубодилаи афкор намуданд”, - қайд кардааст дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.
Инчунин дар мулоқоти васеи ҷонибҳо вобаста ба тақвиятбахшии корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ, истифодаи якҷоя аз оби полезиву нӯшокӣ, риояи талаботи протоколҳои қаблан имзошуда мавриди таҳлил қарор дода шуд.