Паёмадҳои фоҷиабори лағжиши замин дар Чин - видео

Бар асари боришоти шадид, ки дар минтақаи ҷанубии Чин як ҳафта боз давом доштааст, лағзиши бузурги замин вуқуъ пайваста, хисорот гузоштааст
Sputnik
Фурӯрезии бузурги замин дар музофоти Сичуан дар ҷануби Чин ба вуқӯъ пайвастааст, ки манзараҳои онро хабаргузории Ruptly нашр кардааст.
Ба иттилои манбаъ, ин лағжиши замин дар пайи боришоти шадиде рух додааст, ки як ҳафта дар саросари минтақа идома дошт.
Фурӯрезии васеъмиқёси замин дар наздикии рӯдхонаи Ҷинну ба вуқуъ пайвастааст. Лағжиши замин дар баъзе ҷойҳо роҳе, ки аз ин мавзеъ мегузарад, тахриб кардааст.
Cели такрорӣ дар Роштқалъа ва сафари Расулзода ба ҷои офати табиӣ
Дар он ҷое, ки қисмати роҳ зери хок пурра нарафтааст, аз сабаби зиёд будани қабати хоку лой ҳанӯз харакат кардан имконнопазир аст.
Илова бар ин, як комбинати саноатии воқеъ дар наздикии роҳ қисман фурӯ рехт.
Боронҳои шадид на танҳо дар ҷануб, балки дар шимоли Чин, аз ҷумла дар Муғулистони Дохилӣ ба вуқуъ пайвастаанд. Таъкид шудааст, ки борони шадид, ҷои гармои шадидро гирифт ва якбора дар чанд минтақаи кишвар обхезӣ ва ярчро ба бор овард.
Маврид ба зикр аст, ки солҳои охир коршиносон аз паёмадҳои номатлуби тағйирёбии иқлим ҳушдор медиҳанд, ки афзудани офатҳои табиӣ низ аз ҷумлаи натиҷаҳои ин раванд мебошад.