ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Барандаи медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс Баҳодур Усмонов аз ҷониби шаҳрдори Душанбе бо автомобил қадрдонӣ гардид.
Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон иттилоъ дод.
Манбаъ афзуд, ки ҳамчунин дорандаи медали биринҷии чемпионати ҷаҳон ҷониби Федератсияи бокси Тоҷикистон бо 70 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ шуд.
Маврид ба зикр аст, ки ахиран Баҳодур Усмонов баъди 12 сол аз чемпионати ҷаҳон дар риштаи бокс аз шаҳри Тошканд барои Тоҷикистон медали биринҷӣ овард. Қаблан ин нишонро Анвар Юнусов ба даст оварда буд
Ҷойи сеюм дар чемпионати ҷаҳон барои ҳар як варзишгар дастоварди бузург аст, гуфт Усмонов ва афзуд, ки ин ҳадди ниҳоии имконоти ӯ нест.
"Ман боз ҳам қавитар омода мешавам ва дар радабандии ҷаҳонӣ пешсаф мешавам! Ташаккури зиёд барои дастгирӣ ва табрикатон", - гуфт ӯ баъди чемпионат.
Усмонов дар мусобиқоти Қаҳрамонии бокси ҷаҳон дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон то даври нимниҳоӣ расид ва дар сабқат барои роҳхат ба финал аз Чинзориг Баатарсух, намояндаи Муғулистон шикаст хӯрд. Вохӯрӣ дар вазни 63,5 кило бо ҳисоби 1:4 анҷом ёфт.
Қобили зикр аст, ки Баҳодур Усмонов акнун пас аз 12 сол аз ин мусобиқаи ҷаҳонӣ ба хазинаи варзишии Тоҷикистон медал ворид кард.
Дар ин сабқат намояндагони дигари Тоҷикистон ни зӯр озмуданд, аммо муваффақ нашуданд.