ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Нуқтаҳои овоздиҳӣ дар интихоботи президентии Ӯзбекистон то 20:00 бо вақти маҳаллӣ боз кор хоҳанд.
Ба иттилои Комиссияи марказии интихобот, тақрибан 20 млн нафар метавонанд дар беш аз 10 ҳазор қитъаи интихоботӣ овоз диҳанд. Дар овоздиҳии пешакӣ, ки то 5 июл, аз ҷумла дар Тоҷикистон ҷараён дошт, ҳудуди 600 ҳазор шаҳрванди Ӯзбекистон аллакай овоз доданд.
Овоздиҳӣ инчунин дар даҳҳо кишвари хориҷӣ ташкил карда шудааст. Ҷараёни раъйдиҳӣ дар Ӯзбекистонро ҳудуди 50 ҳазор нозири маҳаллӣ назорат мекунанд.
Мақомоти Ӯзбекистон мегӯянд, инчунин беш аз 800 нозири байналмилалӣ аз созмонҳои мухталиф, аз ҷумла Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ ва Созмони ҷаҳонии ниҳодҳои интихоботӣ назорат доранд.
Ин нахустин интихобот пас аз ворид шудани тағйирот ба Сарқонун аст, ки мӯҳлати ваколати сарвари давлатро аз 5 то 7 сол тамдид кард.
Ҳайати нозирон аз ИДМ изҳор медоранд, ки то ҳол ҳеч шикояте дар мавриди раванди интихоботро дастрас накардаанд.
Ба иттилои КМИ, номзадҳое, ки аз аҳзоби Ӯзбекистон пешниҳод шуданд, расман ба қайд гирифта шуданд.
Маврид ба зикр аст, ки Ҳизби либерал-демократии Ӯзбекистон раисҷумҳури феълӣ Шавкат Мирзиёевро ба мақоми президентӣ пешбарӣ кард.
Ҳамин тариқ, Ҳизби экологӣ номзадии Абдушукур Ҳамзаев, Ҳизби халқии демократӣ - Улуғбек Иноятов, Ҳизби сотсиал-демократии "Адолат" - Робахон Маҳмудова ва ӮзЛиДеП- Шавкат Мирзиёевро пешниҳод карда, КМИ онҳоро сабт намуд.