ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Рӯзҳои фарҳанги Русия дар Тоҷикистон дар Душанбе бо консерти пианинонавози маъруф Денис Матсуев ифтитоҳ ёфт.
Чорабинӣ дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ баргузор шуд.
Намоиши Матсуевро, ки дар он ҳунарпеша ҳамроҳ бо навозандагони ҷаз баромад кард, хабарнигори Sputnik Тоҷикистон тамошо кард.
Надежда Реверенд, муовини вазири фарҳанги Русия, сухани ифтитоҳӣ кард. У муроҷиатномаи Олга Любимоваро хонд.
"Анъанаҳои баргузории ҷашнвораҳои фарҳанги миллӣ муҳимтарин ҷузъи ҳамкориҳои фарҳангии Русия ва Тоҷикистон ба шумор мераванд. Пояи дӯстии мустаҳками Русия ва Тоҷикистон муносибати эҳтиёткорона ба арзишҳо ва анъанаҳои маънавии мо, таваҷҷуҳ ба ҳифзи муштаракоти мероси фарҳангӣ мебошад", - гуфта мешавад дар муроҷиат.
Муовини нахуствазири Тоҷикистон Матлубахон Сатториён зимни суханронӣ дар ҷамъи ҳозирин изҳор дошт, ки ба шарофати дастгирии ҳукуматҳои Русияву Тоҷикистон ва президентҳо Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон равобити ду кишвар сол то сол мунтазам рушд мекунад.
Дар қисми якуми консерт таҳти унвони "Ҳам классик ва ҳам ҷаз" пианинонавоз асарҳои классикиро навохт.
Рӯзҳои фарҳанги Русия дар Тоҷикистон аз 7 то 11 июли соли 2023 баргузор мешаванд. Ҳайати 64 нафар аз ҳунармандони Русия вориди кишвар шуд - онҳо дар Душанбе ва Хуҷанд барномаҳои эҷодӣ баргузор мекунанд.