ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Ахиран Кумитаи рушди сайёҳӣ мулоқоти Раиси Кумита Муминзод Камолиддин бо ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Парвати Рамасвами баргузори гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ин Кумита.
Ба иттилои манбаъ, дар мулоқот атрофи масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи сайёҳӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ дар субектҳои соҳаи сайёҳӣ табодули афкор сурат гирифт.
Роҳбарияти Кумита дар бораи имтиёзҳои роҳандозигардида аз ҷониби Ҳукумати кишвар дар самти соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла раводид, имтиёзҳо барои сармоягузорон маълумот дода, қайд кард, ки соҳаи сайёҳӣ ҳамеша зери таваҷҷуҳи бевоситаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад.
Ҳумчунин, дар вохӯрӣ масъалаҳо вобаста ба ҷалби сармоя барои рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва амалисозии лоиҳаҳои мақсаднок мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифтанд.
Қайд карда шудааст, ки ҷонибҳои омодагии худро ҷиҳати татбиқи масъалаҳои баррасигардида, иброз намуданд.