Дар шаҳри Душанбе амалиёти "Кӯкнор-2023" мегузарад

Дар ҷаласаи ахири Ситоди шаҳрӣ масъалаи бастани роҳҳои интиқоли ғайриқонунӣ маводи мухаддир ва роҳу василаҳои пешгирии истифодаи он баррасӣ шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Ситоди шаҳрӣ дар бораи роҳбарӣ, назорат ва ҳамоҳангсозии фаъолият барои гузаронидани амалиёти "Кӯкнор-2023" баргузор гардид.
Дар ин бора шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар додааст.
Иттилоъ дода шудааст, ки аъзои ситод роҷеъ ба ошкору нобуд кардани растаниҳои нашъаовари худрӯй ва ғайриқонунӣ киштшуда, тақвият бахшидан ба муборизаи зидди муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, бастани роҳҳои интиқоли ғайриқонунӣ, роҳу василаҳои пешгирии истифодаи маводи нашъаовар, ҳамкорӣ намудан бо мақомоти салоҳиятдори давлатӣ барои решакан кардани ин зуҳуроти номатлуб ибрози андеша намуданд.
Раҳмон қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистонро хатарзо хонд
Ҳамзамон иттилоъ дода шудааст, ки дар ҷаласа рафти иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе "Дар бораи тасдиқ намудани Нақшаи кори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум ва комиссияҳои доимию муваққатӣ барои соли 2023" барои таъмини камолоти фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон таҳлил ва омӯзиши вазъи иҷрои нақша – чорабиниҳо оид ба татбиқи "Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025" дар ҳудуди шаҳри Душанбе муҳокима гардид.
Инчунин таҳлили вазъи фаъолияти шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе вобаста ба муайян кардани ҳолати риояи қонунгузории соҳа ва ҳуқуқу озодиҳои ронандагон баррасӣ карда шуда.
Қайд карда шудааст, ки дар робита ба масъалаҳои мазкур қарорҳои дахлдори ҷаласаи Комиссия қабул карда шуд.