Қувваҳаи мусаллаҳи ФР дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ афзалиятнокии тактикӣ, стратегӣ ва оташандозиро нигоҳ дошта истодаанд, дар чор минтақаи фронти 1000 -километра ҳуҷум доранд.
Ҷанговарони русиягӣ дар ноҳияҳои Авдеевка, Маринка, Лиман ва Сватово бо ҷангҳо пеш рафта истодаанд. Зерсохторҳои артиши Украина мавқеъҳояшонро гузошта истодаанд, ва аз минтақаи Ореховский низ гурехта истодаанд.
Ҷамъбасти ҳамлаи ҷавобии русиягӣ дар самти Запорожетс 3 июл то сад адад техникаи зиреҳпӯши нобудкардашудаи қувваҳои мусаллаҳи Украина, маҳалҳо аз душман озод карда шуда ва миназоркунии фосилавии такрории хати пеши ҷабҳа бо истифода аз маҷмааҳои "Земледелие"-и дар асоси технологияҳои баланд омодакардашуда гардид.
Сарфармондеҳи қӯшунҳои хушкигарди қувваҳои мусаллаҳи Украина Александр Сирский дар бораи ҳолати вазнини дар наздикии Бахмут/Артёмовск ва дар бораи рахназнаии қувваҳои русиягӣ дар самти Часов Яр гуфт (он ҷо ҳайати фармондеҳони гурӯҳи украинии “Восток” ҷойгир аст).
Шаби бар 5 июл бо истифода аз яроқи нишонзаниаш дур аслиҳа ва нуқтаи ҷойгиршавии қисмҳои артиши Украина дар вилоятҳои Днепропетровск, Сумск ва Харков нобуд карда шуданд. Артиллерияи русиягӣ душманро дар наздикии Балаклейка самаранок нобудкунӣ дорад.
Низомиёни украинӣ дар ҳама самтҳои фронт талафоти калон дида истодаанд – аз 4 июн то 15 ҳазор хизматчиёни ҳарбӣ, 2,5 ҳазор адад силоҳ - аз ҷумла 15 тайёра, се чархбол, 920 адад техникаи зиреҳпӯш, дар баробани ин - 16 танки Leopard аз 54 адад чунин танки интиқолдодашуда.
Аён гашт, ки нақшаҳои фармондеҳии украинӣ бобати ба ҳалқа гирифтани Мелитопол то 18 июн амалинашаванда аст.
“Ҳамлаи ҷавобӣ”-и доимии кувваҳои мусаллаҳи Украина дар минтақаҳои гунногуни хати фронт – бо баталйёнҳои пурқувватшуда ва гурӯҳҳои тактикии хурд – тадриҷан ба мудофиаи пӯшида мубаддал гардида истодааст.
Дар ҳамин ҳол, дар Киев аз нарасидани теъдод ва сифати яроқи натогӣ шикоят доранд. Дар Ғарб аз омодагии сусти аскарони украинӣ ва ҳавасмандӣ надоштани онҳо мегӯянд.
Сардори Кумитаи низомии НАТО Роб Бауэр сабаби шикасти артиши Украинаро аз иншоотҳои мураккаби муҳандисии русиягӣ ва аз хати мудофиаи қаторамонанди умқаш то 30 километра медонанд.
Дар амал бошад, торумори қувваҳои мусаллаҳи Украина ва шикасти ногузири НАТО-ро амалҳои ҳуҷумкунанда, яроқҳои зарбазан ва афзалияти ҷангии гурӯҳҳои қӯшунҳои русиягӣ дар театри амалиёти ҷангии украинӣ таъмин менамоянд.
Ғарб дар тумани ҷанг
Аз оғоз танкҳои афсонавӣ ва мошини ҷангии зиреҳпӯши савораи пиёданизоми натогӣ бояд “бозгардонидани қаламравҳои муҳим”, қариб ки то сарҳадҳои Украинаи шӯравӣ дар соли 1991-ро таъмин менамуданд.
Натиҷаи 30 шабонарӯзи аввали ҳамлаи ҷавобии Украинӣ “ҳисси ноумедӣ“-ро дар Ғарб ба бор овард. ИМА ва иттифоқчиёнаш то ҳоло бо кадом умеде барои ривоҷи “ҳамлаи ҷавобии деринтизор” ва заиф намудани Русия муваффақиятро дар майдони ҷанг аз Украина талаб доранд.
Техникаи зиреҳпӯши натогии ба тариқи фантастикӣ дар ин майдон торумор гардида ваъдаи зафарро намедиҳад.
Дар ҷараёни амалиёти вижаи низомиёни русиягӣ 690 чархбол ва тайёра, зиёда аз 10530 танк ва мошинҳои зиреҳпӯш, 5340 яроқи артиллерӣ ва 1130 системаҳои мушакии оташи силсилавӣ (РСЗО), 426 маҷмааҳои мушакиву зенитии қувваҳои мусаллаҳи Украина “ғайринизомисозӣ” карда шуданд.
Қисми зиёди ин яроқи ғайриукраинӣ аз тамоми ҷаҳон аз ҷониби сарпарастони ғарбии режими киевӣ “аз мӯр мадад” гӯён ҷамъоварӣ карда шудаанд.
Қӯрхонаҳои НАТО ва дигар думравони ИМА тиҳӣ гаштанд. Ҳатто комплекси саноати ҳарбии амрикоӣ бори қанги бо дасти дигарон бо Русия бурдаистодаашро кашида наметавонад.
Ба ҳамагон маълум: агар интиқоли яроқу аслиҳа ба Киев қатъ гардад, пас аз чанд рӯз амалиёти вижаи низомӣ хотима меёбад. Аммо Ғарб бо шикаст муросо карданӣ нест, боқимондаҳои охиринро ҷамъоварӣ менамояд, ва сафсатагӯён дар дуди ҷанг дар канори варта сарсарӣ мегардад.
Иттиҳоди Аврупо ва НАТО бо истифода аз охирин қувваҳояшон интиқоли яроқи харобиоварро идома медиҳанд.
Олмон дар соли 2023 барои дастгирии низомии Украина 5,4 млрд евро ҷудо кард ва ваъда дод дар ояндаи наздик ба қувваҳои мусаллаҳи Украина силсилаи нави танкҳои бисёр ҳам кӯҳнаи Leopard 1A5 –ро медиҳад. Ҳарчанд аз 300 танкҳои вазорати дифои Олмон дода ҳамагӣ 130 ададашон дар ҳолати ҷангӣ қарор доранд.
Амрико барои эҳёи истеҳсолоти маҷмааи “ПЗРК "Стингер", ки 20 сол пеш боздошта шуда буд, нафақахӯрони худро сафарбар намуд
Сардори кумитаи сардорони ситодҳои қувваҳои мусаллаҳи ИМА Марк Милли изҳор дошт, ки “ҳамлаи ҷавобии Украина “хело мураккаб, басо дуру дароз ва хело ва хело хунин хоҳад буд”.
Президенти украинӣ Владимир Зеленский бехудона ва чоплусона захираҳои охиринро ба “гӯштқимакунаки запорожӣ” партофтан дорад.
Дар ҳамин ҳол, пеши назарамон иқтидори низомии Русия афзуда истодааст - ба минтақаи амалиёти вижа тайёра, танкҳо, ситемаҳои артиллерӣ, “ЗРК”, мушакҳо ва гулӯлаҳои нав, ҳамзамон – маҷмааҳои муборизаи радиоэлектронӣ, гулӯлаҳои чашмбари HIMARS, бомбаҳои авиатсионии JDAM ва дигар яроқи “ҳушманд”-и стандарти натогӣ фиристода шуда истодааст
Маҷаллаи амрикоии Military Watch самаранокии баланди яроқи русиягиро қайд менамояд , бахусус – “Искандарҳо” ва “Лантсетҳоро”-ро, ки барои Ғарб як кашфиёт шуданд.
Эътимоднокии баландро ҳимояи динамикии русиягӣ нишон дод – танкҳо ба якчанд гулӯлаҳо ва мушакҳои ба сӯяшон партофташуда тоб меоварданд.
Дастоварди алоҳидаву “олимпӣ”-и Русия - монеаҳои минагии барои душман гузаштанашавандаи бо истифода аз технологияҳои замонавӣ таҳияшуда буданд.
Тумани ҷанг дар Ғарб оҳиста пароканда мешавад. Собиқ қумондони артиши фаронса Жан Бернар Пинател бо сабки ба генералҳо хос рӯирост эълон дошт, ки ҳамлаи ҷавобии украинӣ аз оғоз маҳкуми шикаст буд.
“Мо мушоҳида дорем, ки давлати азими ҳастаӣ ва давлате, ки захираи кироии техникӣ ва инсонӣ надорад, ба ҳам зиддият доранд. Ҷои аз ҳама осебпазири Украина – ин инсонҳо, аниқтараш – набудани онҳо мебошад, ҷанговарони беҳтарин кайҳо мурдаанд”, - изҳор намуд ӯ.
Генерал дар бораи афзалияти Русия дар ҳаво ва дар бораи афзалияти мутлақу чандинкаратаи оташфишонӣ дар замин гуфт, ки ин ҳама боиси талафотҳои калони қувваҳои мусаллаҳи Украина дар мудофиа ва ҳангоми ҳамла гардид.
“Авррупо бе гази Русия буда наметавонад. То бӯҳрон Аврупо ”200 млрд кубометр гази русиягиро истифода мебурд, Амрикои Шимолӣ ҳамагӣ 2 млрд кубометр газ интиқол мекарду халос. Аврупоиҳо худашон дастеро газиданд, ки онҳоро мехӯронд.
Русия бошад, гул-гул мешукуфад ва аз ҷиҳати иқтисодӣ рушд намуда истодааст, зеро аз ҳама ҷаҳони боқимонда вобастагие надорад , хоҳ аз ашёи хом, хоҳ аз ғалла ва ё худ энергия”, - қайд намуд коршиноси фаронсавӣ.
Дар пасмасманзари “ғайринизомисозӣ”-и артиши украинӣ дар ИМА ва НАТО изтиробашон меафзояд.
Дастгирии низомии режими киевӣ дар минтақаи ларзон ё турбулентӣ буда метавонад, зеро, чуноне, ки CNN менавишад, бисёр кишварҳое, ки зӯрзаниҳои низомии Украинаро дастгирӣ доранд, бо муаммоҳои беқурбшавии баланди пул, афзоиши фоизи маблағҳои қарзӣ ва рушди сусти иҷтисодӣ рӯ-ба рӯянд, интихобкунандагонро базӯр барашон ба барашон мерасад”.
Эҳтимол, барои Ғарб ин ҳама ҳоло “рӯзҳои равшананд”, - ва бадтаринаш – ҳоло дар пеш аст.