ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Нерӯҳои вижаи Олмон барои боздошти 7 муҳоҷир аз Осиёи Марказӣ, умдатан тоҷикон, ки дар тарҳрезии ҳамлаи террористӣ дар он кишвар гумонбар мешуданд, амалиёти густурда анҷом дод.
Ба навиштаи нашрияи Bild, бо такя ба додситонӣ, бархе аз боздоштшудаҳо бо истифода аз асноди қалбакӣ бо ниқоби паноҳандагон тариқи Украина вориди Аврупо шудаанд.
"Гумонбаршудагон ҳамлаҳои террористиро дар рӯҳияи "Давлати исломӣ"* тарҳрезӣ кардаанд. Онҳо инчунин кӯшиши ба даст овардани силоҳро доштанд ва шояд аллакай ҳадафҳои эҳтимолиро назорат мекарданд", - гуфт додситонӣ.
Сухан дар бораи мардони точик меравад, инчунин як туркману як киргиз. Ҳамаи онҳо бо созмони "Вилояти Хуросон"* - бахши афғонистонии ДОИШ* иртибот доштанд.
Додситонӣ тавзеҳ додааст, ки гумонбаршудагон дар баҳори соли 2022 ба Олмон омадаанд ва на дертар аз моҳи июн он ҷо созмони террористӣ ташкил кардаанд.
Қаблан намояндагони СҲШ аз эҳтимоли густариши ифротгароӣ аз Афғонистон ба кишварҳои дигар изҳори нигаронӣ карда буданд.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, гуфт: "Афғонистони осоишта, ки аз терроризм ва қочоқи маводи мухаддир озод аст, ба манфиати Созмони ҳамкории Шанхай аст".
* Дар Русия ва Тоҷикистон фаъолияти созмонҳои террористӣ мамнӯъ аст.