ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Дар километри 14 - уми шоҳроҳи Айнӣ-Панҷакент сел фаромад, ки дар натиҷа ҳаракати нақлиёт барои чанд муддат масдуд шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон хабар дод.
Бар хабари манбаъ, барои рафъи оқибатҳои селфароӣ техникаи махсуси Вазорати нақлиёт ҷалб карда шуд, ки дар натиҷа бо гузашти ҳудуди се соат роҳи мазкур аз сангу лойоба тоза шуд.
Манбаъ меафзояд, дар натиҷаи омадани сел талафоти ҷонӣ ва харобкориҳо ба қайд гирифта нашудаанд.
Омадани сел ва масдуд шудани роҳи Айнӣ-Панҷакент дар ҳолест, ки роҳбари давлат сафари корияшро ба вилояти Суғд аз ноҳияи Айнӣ шурӯъ кард.
Ба эҳтимоли зиёд, сел замоне фаромад, ки роҳбари давлат аллакай ба ноҳияи дигари ин вилоят сафар кард.
Қаблан БДА дар вилояти Суғд хабар дод. ки бинобар сафари роҳбари давлат, сар аз 5 то 8 июн роҳҳои вилоят баста мешаванд.
Дар ҳамин ҳол, КҲФ қаблан хабар дод, ки рӯзҳои 6-7 дар роҳҳои Суғд, ВМКБ ва навоҳии тобеи марказ хатари фаромадани сел мавҷуд аст. Ин ниҳод мардумро ба эҳтиёткорӣ даъват намуда, талаб кард, ки дар ин рӯзҳо аз ҷамъоварии ҳезум, шикору моҳигирӣ ва сафар ба минтақаҳои наздикӯҳӣ худдодӣ кард.