Таъкиди раиси ВМКБ ба нигаҳдории ёдгориҳои таърихӣ

Мақомоти ВМКБ ҳифз ва нигаҳдории ёдгориҳои таърихӣ, аз нав барқарор намудани мавзеъҳои таърихӣ, ташвиқу тарғиби маконҳои сайёҳӣ муҳим медонад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Таҳти раёсати Раиси Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, даъвати шашум баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои “Ҳифз ва омӯзиши петроглифҳои Лангари ноҳияи Ишкошим, оташкадаҳои Боғеви ноҳияи Шуғнон ва ёдгории археологии “Южбок” - и қалъаи Ҷирӯҷи Ҷавшангози ноҳияи Роштқалъа” мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Раиси ВМКБ зимни баррасии масъалаҳои иҷлосия таваҷҷуҳи вакилони халқро ба ҳифз ва нигаҳдории ёдгориҳои таърихӣ, аз нав барқарор намудани мавзеъҳои таърихӣ, ташвиқу тарғиби маконҳои сайёҳӣ ба хотири ҷалб ҷаҳонгардон ба минтақа ҷалб кард.
Вай гуфт, ки яке аз масъалаҳои муҳимми соҳаи кишоварзӣ, ин истифодаи дуруст ва самараноки ҳар як ваҷаб замин мебошад.
Дар ВМКБ комиссияи ҳукуматӣ ба рафъи оқибатҳои офати табиӣ шурӯъ кард
Мирзонабот Алишер аз раисони шаҳру ноҳияҳо вобаста ба қабули дурусти қарорҳо дар масъалаи истифодаи оқилонаи замин пурсон шуда, барои минбаъд роҳ надодан ба қонунвайронкуниҳои замин супоришҳои мушаххас доданд.
Дар иҷлосия таъкид гардид, ки ВМКБ дорои замини ками кишоварзӣ буда, аз гардиши кишоварзи берун намондани тамоми заминҳои корам бояд ҳамеша зери назари раисони шаҳру ноҳияҳо қарор дошта бошад.
Дар росто, раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят ва масъулини Кумитаи замини вилоят вазифадор гардиданд, ки дар солҳои минбаъда барои ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои зери алафи бегона ва боир тадбирҳои судманд андешанд.