ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд парваришгоҳи нигоҳдории ҳайвоноти нодирро ифтитоҳ кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, масоҳати умумии парваришгоҳ 200 гектар мебошад.
Манбаъ иттилоъ додааст, ки ин мавзеи ноҳияи Шаҳристон барои парвариши ҳайвоноти нодир иқлими мусоид дорад.
Манбаъ таъкид кардааст, ки дар парваришгоҳи навтаъсис асосан ду намуд ҳайвони нодир — оҳуи аврупоии лан ва гӯсфанди шохдори муфлонӣ парвариш ва нигоҳубин карда мешавад.
“Парваришгоҳи мазкур аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Газнафт” ташкил гардидааст”, - таъкид кардааст манбаъ.
Қайд карда шудааст, ки дар ҳамин мавзеъ раисҷумҳури кишвар ҳайвоноти нодирро ба табиат сар дод.
Бояд гуфт, ки парваришгоҳ дар мавзеи зебоманзар ва хушбоду ҳавои Хуррамдараи ноҳияи Шаҳристон ташкил гардидааст.
Дар парваришгоҳ барои нигоҳубин ва марҳила ба марҳила зиёд намудани саршумори ҳайвоноти нодир шароит ва имконияти васеъ мавҷуд буда, дар ин самт зоти оҳуи аврупоӣ аз хориҷи мамлакат ворид карда шудааст.
Тибқи иттилои масъулон, моҳи декабри соли 2022 аз Ҷумҳурии Беларус 30 сар оҳуи зоти лан ворид гардид. Намудҳои оҳу нахуст ба иқлими Тоҷикистон мутобиқ гардонда шуда, аз онҳо насли нав гирифта мешавад.
Дар марҳилаи аввал 15 гектар ҳудуди парваришгоҳ бо симтур маҳкам карда шудааст. Ин тадбир имконият медиҳад, ки ҳайвоноти нодир ҳифз карда шаванд ва саршумори он сол ба сол зиёд гардад.
Ба роҳ мондани парвариш ва нигоҳубини намуди оҳуи аврупоии лан барои рушд бахшидани соҳаи сайёҳӣ, хусусан сайёҳии экологӣ замина гузошта, дар оянда омили муҳими ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ ба Тоҷикистон мегардад.
Таъкид шудааст, ки дар парваришгоҳ дар баробари парвариши оҳуи аврупоии лан, ки бори аввал ба Тоҷикистон оварда шудааст, инчунин гӯсфанди шохдори муфлон низ парвариш меёбад.