Намуди аз ҳама пурсамари яроқ дар ҷараёни амалиёти вижаи низомӣ артиллерия боқӣ мемонад – ҳамоне, ки то ба 80% -и шикасти ҳам қувваи зинда ва ҳам техникаи қувваҳои мусаллаҳи душманро таъмин менамояд.
Дар чорчӯбаи иҷроиши фармоиши давлатии мудофиавии соли 2023 29 июн “Ростех” ба Вазорати дифои ФР силсилаи аввали гаубитсаҳои 152 миллиметраи 2С19М1 "Мста-С"-ро дод.
Гаубитсаи навсозишуда, ки бо системаи идоракунии автоматикунонидашудаи банишонгирӣ ва оташкушоӣ (АСУНО) ҷиҳозонида шудааст, бо доштани суръати баланди тирпарронӣ фарқ мекунад – 8 гулӯла дар як дақиқа (модификатсияи 2С19М2 – то 10 гулӯла), қодир аст шабонарӯзӣ, дар дилхоҳ шароити обу ҳаво бо гулӯлаҳои гунногун ҳадафро дар масофаи то 40 км ба нишони гирад.
Системаи нави артиллерии "Мста-С" бо системаи идоракунии маҳворавии "ГЛОНАСС", якҷоя карда шудааст, ки ин муайян намудани мавқеъ дар маҳалро дар шароитҳои душвори ҷуғрофӣ ба таври назаррас осон мегардонад.
Ва ин имкон медиҳад, ки вазифаҳои гузошташудаи оташандозӣ бо таъҷилияти бештар ва самараноктар ба иҷро расонида шаванд.
Ҳини зарурият метавон тирпаррониро фосилавӣ идора намуд –аз нуқтаи фармондеҳии батарея. Танзими оташандозӣ дар ҳамбастагӣ бо ҳисобҳои бесарнишинҳои "Орлан-10" амалӣ карда мешавад.
Дар сохтори гаубитсаи "Мста-С" функсияи ҳамлаи оташӣ татбиқ гардидааст, ки маънои бо якчанд гулӯлаи дар як вақт тавассути якчанд хати ҳаракат партофташуда нобудсозии як ҳадафро дорад.
Нишонгирӣ - автоматикунонидашуда мебошад. Вақти омодагӣ барои гулӯлапартоӣ – 90 сония аз лаҳзаи ҳозиршавӣ ба хати оташфишонӣ мебошад, ва боз аз ин ҳам камтар вақт барои гузаштан ба мавқеи дигар лозим аст.
Аз ҳама муҳимаш – ноаёнист. Таркиби махсуси аз матои сунъии “Накидка” омодашуда ҳатто гаубитсаи пас аз оташи силсилавӣ тасфонро бо ҳарорати ба дараҷаи ҳавои атроф яксон ниқобпӯш месозад.
Барои қӯшунҳои пиёдагарди Русия маҷмааи дастгоҳ ё худ мошини артиллерии аз ҳама оммавӣ – ин "Мста-С" мебошад, ки барои зарба задану нобудсозии батареяи артиллерӣ, бронетранспортёрҳо, иншоотҳои мудофиавӣ, нуқтаҳои идоракунӣ, нуқтаҳои алоқа, қувваи зинда ва иншоотҳои ақибгоҳи душман пешбинӣ шудааст.
Дар бастаи ҷангӣ – гулӯлаҳои фугасии тиккадору поракунандаи "Сантиметр" ва "Краснопол" , гулӯлаҳои ядроӣ (то ду килотонн) ва ҳам гулӯлаҳо – басаҳнагузорандаҳои радиохалалҳо.
Дар манора – 50 гулӯла мавҷуд аст, аммо механизмҳои расонандаҳои онҳо аз замин бо суръати тез ва бе сарфи аслиҳаи расонидамешуда таъмин менамояд.
Танаи гаубитсаи "Мста-С" аз лавҳаҳои фулодини 15 миллиметраи таркибашон якгуна сохта шудааст, ки экипажро аз тирҳои зиреҳзан ва тиккапораҳо ҳифз менамояд, ба қисми ҳаракаткунандаи гаубитса ва муҳаррики он вазнинии зиёд намеорад (вазни мошин - 42 тонна).
Шаш адад такягоҳи ғелон, ғалтакҳои дастгирикунанда ва амортизаторҳои телескопӣ – ҳамаи ин ҳини тирпарронӣ лаппишро самаранок хомӯш менамоянд.
“Дил”-и САУ – 12 – муҳаррики дизелии дувоздаҳсилиндраи V-шакли В-84А бо иқтидори 780 л.с. мебошад, ки гардишкунӣ ва суръати баланд – то 60 км дар як соат, захираи ҳаракат бе иловаи сӯзишворӣ 600 км-ро таъмин менамояд.
Агар муҳаррики асосӣ аз кор барояд, турбинаи газии захиравӣ “ба кӯмак меояд” ва ин турбина қодир аст гаубитсаро то ҳашт соат кашад.
Системаи нави артиллерии "Мста-С" метавонад монеаҳои обии чуқуриашон то 5 метр ва барашон то 1 км-ро гузарад. Гаубитсаи"Мста-С" – дар ҷаҳон аз беҳтаринҳо ҳисобида мешавад ва дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ ба таври аъло кор карда истодааст.
Хусусиятҳои истифодаи ҷангӣ
Системаи навтарини идоракунии оташи САУ "Мста-С" имкон медиҳад филфавр пас аз гирифтани маълумотҳо дар бораи нишони додашуда гулӯла партофта шавад.
Маълумот бевосита ба ситема аз сарчашмаҳои гунногун (тасҳеҳгари тирандозӣ , гурӯҳҳои ҷосусӣ дар сафи пеш, бесарнишинҳо, ситодҳои сатҳи гунногун ва ғайра). Дар формати рақамӣ ба таври автоматикӣ барои тирпарронӣ гузоришҳо дода мешаванд.
Пас аз тасдиқи командири экипаж мошини ҷангии мазкур мустақилона ҳадафро нишон мегирад ва оташ мекушояд.
Ҷараёнҳои автоматикикунонидашудаи гулӯлапуркунӣ, интихоби навъи гулӯла ва партофтани гилзаҳо суръати тези тирпаррониро таъмин менамоянд ва сарбории ҷисмонии экипажро кам месозанд.
Вақт – тафсифбузурги калидии низоъҳои муосир аст, касе тезтар ва дақиқтар зарба занад, ҳамоне ба ғалаба наздиктар аст. Дар театри амалиёти низомии украинӣ – ин артиллерияи русиягӣ мебошад.
Аз рӯи маълумоти корманди илмии Донишкадаи тадқиқоти низомии Шоҳигарӣ (RUSI) доктор Джек Уотлинг, артиллерияи Русия аз оғози амалиёти вижаи низомӣ имкониятҳои зарбазании худро ба маротиб беҳтар намудааст – аз ҳисоби “содагардонии ҷараёни технологӣ”-и гирифтани (ивази) маълумоти ҷосусӣ.
Ғарб бартарияти шуморавӣ ва сифатии артиллерияи русиягиро дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ эътироф намуд. Агентии иттилоотии France Presse хабар дод, ки қӯшунҳои Русия қодиранд оташи артиллерии силсилавӣ кушоянд –“захираи гулӯлаҳо дар Русия қариб, ки беохир аст”.
Имкониятҳои артилериячиёни қувваҳои мусаллаҳи Украина, аниқтараш – кишварҳои НАТО бамаротиб хоксоронатар аст.
Теъдоди милаи тупӣ барои ҳар як километр хати фронт низ аҳамият дорад. Артиши Русия то оғози амалиёти вижаи низомӣ, аз рӯи маълумоти гунногун, дар саф аз 500 то 800 гаубитсаҳои сохташон гунногуни "Мста-С" дошт.
Мавқеъишноси ғарбӣ бобати муайян намудани иқтидори низомии кишварҳои ҷаҳон Global Firepower “ҳисоб карда баромадааст”, ки дар Русия зиёда аз 4270 адад артиллерияи худгард ва зиёда аз 2520 адад системаи мушакии оташи силсилавӣ (РСЗО) мавҷуд аст.
Хотиррасон менамоям, ба ғайр аз гаубитсаи "Мста-С", барои душман дар Русия боз як “даста” дастгоҳҳои артиллерии худгард ҳаст: "Гвоздика"-и 122-мм, "Акатсия"-и 152-мм ва "Гиатсинт", "Пион"- и 203-мм, ҳамчунин – миномётҳои "Василек"-и 82-мм ва "Тюлпан"-и 240-мм.
Таҳлили ҷангҳои муосири локалӣ ва низоъҳои ҷангӣ нишон медиҳанд, ки аҳамияти бештар “дар замин” шикасти душман тавассути артиллерияро дорад .
Дурпарвозӣ, дақиқзанӣ ва иқтидори бузурги аслиҳаи артиллерӣ имкон медиҳанд дар майдони ҷанг афзалияти оташандозиро ба даст оранд, қувваҳои зарбазан ва қувваи зиндаро дар хати пеши фронт нобуд (маҳв ё пахш) созанд, дар ақибгоҳи наздик инфрасохторҳоро нобуд кунанд, қатори дуюм ва ҷангиёни захиравии душманро ба ҷудо кунанд.
Артиллерия “Худои ҷанг” боқӣ мемонад, ва қобилияти оташандозии афзалияти бисёркарата доштаи артиллерияи русиягӣ дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ амалан маънои ҳукми маргро ба қувваҳои мусаллаҳи Украина ва ба он ҷангиёни НАТО, ки бо дастони касон меҷанганд, дорад.