ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Раиси ҳизби исломии Афғонистон Гулбуддини Ҳикматиёр аз мухолифони ҳукумати кунунии Афғонистон интиқод кард ва гуфт шуморе аз мухолифони Кобул барои таҷзияи Афғонистон талош мекунанд, иттилоъ додааст хабаргузории “Парс Тодей”.
Ба иттилои манбаъ раиси ҳизби исломии Афғонистони чанде пеш низ гуфта буд неруҳои низомӣ ва комондуҳое, ки НАТО дар 20 соли гузашта омӯзиш додааст, инак бори дигар аз кишварҳои хориҷӣ барои ҷанг ба Афғонистон эъзом мешаванд.
Вай таъкид карда буд, ки амрикоиҳо ҷанги худро алайҳи мардуми Афғонистон мутаваққиф накарда ва дар талоши як ҷанги мусаллаҳонаи дигар дар Афғонистон ҳастанд.
Оқои Ҳикматёр бидуни ном бурдан аз гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифи толибҳо гуфта буд, ки Амрико афсарони низомии ҳукумати пешини Афғонистонро барои оғози як ҷанги дигар дар ин кишвар, мудӣрият ва ҳидоят мекунад.
Ёдовар мешавем, ки қаблан чеҳраҳои шинохтаи сиёсии Афғонистон эълон карданд, ки имкон дорад барои муқовимат бо гурӯҳи ҳоким дар ин кишвар муттаҳидона муборизаро оғоз кунанд.
Волии пешини Балх Атои Муҳамади Нур, мегуяд ки бо тавваҷуҳ ба вазъияти кунунӣ, ниёз аст то неруҳои зиди толибҳо канори ҳам қарор гиранд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Оқои Нур дар паём идонаи худ гуфтааст, ки бо Салоҳиддин Раббонӣ, Исмоилхон, Юнус Қонунӣ ва Аҳмад Масъуд як ҷо бар зиди толибҳо мубориза хоҳем кард.