Дар як бино дар маркази шаҳри Токио таркише сурат гирифт.
Ҳоло дар биное, ки таркиш сурат гирифт, сӯхтор идома дорад.
Дар ин бора РИА "Новости" дар истинод ба шабакаи телевизионии NHK хабар додааст.
Ҳодиса дар минтақаи тиҷоратии Симбаши Токио рух додааст. Дар навор дида мешавад, ки шишаҳои шикаста, пас аз таркиш дар роҳи мошингард рехта шудааст.
Ба иттилои расонаҳо сабабҳои таркиш таҳқиқ мешаванд. Минтақаи Шимбаши дорои тамаркузи ҳам биноҳои маъмурӣ ва ҳам тарабхонаҳо мебошад.
Дар ҳоли ҳозир, дар бораи талафоти ҷонӣ хабар дода нашудааст. Сӯхторнишонҳо дар ҷои ҳодиса қарор доранд.