Рубл дар Тоҷикистон коҳиш ёфт: қурби асъор

Қурби рубл ҳафтаи ҷадидро боз бо коҳишёбӣ оғоз кард. Ин асъор тайи рӯзҳои истироҳатӣ нисбат ба асъори тоҷикӣ ба қимати се сомонӣ коҳиш ёфтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъор эълон кард.
Тибқи нишондоди ин ниҳод, арзиши пули русӣ дар бозори арзи кишвар коҳиш ёфта, ҳоло 1000 рубл 122 сомонӣ арзиш дорад.
Ин дар ҳолест, ки қабл аз рӯзҳои истироҳатӣ барои 1000 рубл 125 сомонӣ медоданд.
Асъори аврупоӣ бошад, баръакс нишондоди мусбатро давом медиҳад. Тибқи иттилои Бонки миллӣ дар бозори арз барои як евро 11.9186 сомонӣ медиҳанд. Ин дар ҳолест, ки охири ҳафтаи қаблӣ қурби евро 11.9083 сомонӣ муқаррар шуда буд.
Дар ҳамин ҳол вазъи пули амрикоӣ ҳафтаро бидуни тағйир оғоз кард. Ҳоло дар кишвар як доллар 10.2664 сомонӣ арзиш дорад.
Дар ҳамин ҳол вазъи пули амрикоӣ низ дар баробари сомонӣ ба ҳадди ночиз поин рафтааст. Агар ду рӯз қабл бар ивази ҳар доллар 10.9140 сомонӣ медоданд, ҳоло 10.9135 сомонӣ медиҳанд.
БРАО ба Тоҷикистон боз 650 млн доллар сармоягузорӣ мекунад
Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчунин нархи миёнаи харидуфурӯши пулҳои хориҷиро дар ташкилотҳои қарзии кишвар ироа намудаст.
Ба иттилои ин ниҳод, 1 доллари ИМА аз 10.9135 то 10.9600 сомонӣ, 1 евро аз 11.9186 то 12.1600 сомонӣ, 1 рубли русӣ аз 0. 1220 то 0.1245 сомонӣ харидуфурӯш мешавад.
БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.
Таъкид шудааст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад.