Қоидаро риоя накард: БМТ ташкилоти қарзии “Тамвил”-ро маҷбурӣ барҳам медиҳад

Ташкилоти амонатии қарзии хурди “Тамвил” бино бар риоя накардани тартиботи барҳамдиҳӣ ба таври маҷбурӣ аз тарафи додгоҳ барҳам дода мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, бинобар аз ҷониби ҶДММ ТАҚХ “Тамвил” риоя накардани тартиби барҳамдиҳии ихтиёрӣ дар он расмиёти барҳамдиҳии маҷбурӣ оғоз гардидаааст.
Ба иттилои манбаъ, қарори навбатии Раёсати Бонки миллӣ дар ин хусус имзо гардидааст.
Таъкид шудааст, ки Бонки миллии Тоҷикистон барои барҳамдиҳии маҷбурӣ ба додгоҳ ариза пешниҳод хоҳад кард.

“ҶДММ ТАҚХ “Тамвил” қоидаҳо ва тартиботе, ки қавонин муқаррар кардааст сари вақт иҷро накард ва ба ҳамин хотир БМТ мутобиқи қавонин барои барҳамдиҳии маҷбурӣ ба додгоҳ муроҷиат хоҳад кард”, - иттилоъ доданд ба Sputnik Тоҷикистон аз Бонки миллӣ.

Ёдовар мешавем, ки дар моҳи майи соли равон БМТ хабар дода буд, ки дархости ҶДММ ТАҚХ “Тамвил” барои бозхонди иҷозатнома ва барҳамдиҳии ихтиёрӣ қонеъ карда шуд.
Бозхонди иҷозатнома: Фаъолияти “Атласпэй” дар Тоҷикистон қатъ гардид
Иҷозатномаи “Тамвил” барои анҷом додани амалиёти бонкӣ аз 03 октябри соли 2012, ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 25 сентябри соли 2012, дода шуда буд, бозхонд ва аз эътибор соқит гардид.
Дар асоси қарори мазкур мақомоти ваколатдори ТАҚХ “Тамвил” вазифадор карда шуда буд, ки комиссияи барҳамдиҳӣ таъсис диҳад, расмиёти барҳамдиҳии ихтиёрии ташкилоти амонатии қарзии хурдро бо риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Тоҷикистон анҷом диҳад.
Ҳамзамон, комиссияи барҳамдиҳӣ ӯҳдадор карда шуда буд, ки ба Бонки миллии Тоҷикистон ҳисоботи тавозунӣ ва дигар маълумоти заруриро пешниҳод намояд.