Муҷоҳид: Ғуломи Амрико нестем ва озодона тасмим мегирем

Сухангӯи ҳукумати толибҳо дар вокуниш ба интиқодҳо аз пайванди ин гурӯҳ бо Амрико навишт, ки ҳукумати феълӣ ғулом нест ва озодона тасмим мегирад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Cухангӯи ҳукумати феълии Афғонистон дар симои толибҳо Забеҳуллоҳ Муҷоҳид дар саҳифаи твиттериаш навиштааст, ки суханони Ҷо Байден раисҷумҳури Амрикои пойбанде ба таъаҳҳудоти эълом шудаи режими ин гуруҳро собит месозад.
Вай афзуд, ки ин гурӯҳ ғуломи Амрико нест.
"Ғуломӣ ва озодӣ бо ҳам тафовут бисёр зиёд доранд. Ғуломии Ҷо Байден хиёли он буд, ки ба ҳайси пеши қаровули неруҳои мусаллаҳи онҳо нақш бозӣ мекарданд", - навиштааст оқои Муҷоҳид дар ин твитташ.
Инчунин сухангӯи толибҳо афзудааст, ки Афғонистон як кишвари озод аст ва ин кишвар дар ҳоли ҳозир дар "тамоми тасмимҳои" худ мустақил аст.
Бадтар аз Афғонистон: зархаридони амрикоӣ дар бораи даҳшат дар фронти Украина
Ёдоварӣ мекунем, ки ахиран Ҷо Байден раисҷумҳури ИМА дар як нишасти хабарӣ дар посух ба пурсишии як хабарнигор ки аз ӯ хостааст шикасташро дар Афғонистони бипазирад, бидуни ин ки ҳозир ба пазириши шикаст дар Афғонистон бошад, гуфтааст:
“На, на. Ҳамаи шавоҳид дар ҳол бозёбӣ ҳастанд. Ёдатон аст дар мавриди Афғонистон чӣ мегуфтам? Мегуфтам Алқоида бояд он ҷо набошад. Гуфтам, ки он ҷо набошад. Гуфтам аз толибҳо дар ин замина кӯмак бигирем. Ҳоло чӣ рух дода? чӣ мегузарад? Расонаи худро мурӯр кунед. Ҳақ бо ман буд" .