Ташаккули кӯл бар асари сел ва талоши роҳсозӣ аз тариқи домонаи кӯҳ дар Роштқалъа

Давоми шабонарӯзи охир роҳсозон бо истифода аз техникаи роҳсозӣ ба хатарҳои эҳтимолӣ нигоҳ накарда, дар Роштқалъа роҳи муваққатиро боз кардаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Раиси ВМКБ, Алишер Мирзонабот ва вазири энергетикаю захираҳои оби Тоҷикистон, Далер Ҷумъа бо корҳои барқарорсозӣ дар минтақаи селзадаи ноҳияи Роштқалъа шинос шудаанд.
Ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати ВМКБ, яке аз аҳдофи гузошташуда кушодани роҳ ба деҳаи Миденведи Ҷамоати деҳоти Барвози ноҳияи Роштқалъа мебошад.
Зикр гардид, ки баъди боздиди гурӯҳи кории ҳукумат, таҳти роҳбарии сарвазир Қоҳир Расулзода, барои бунёди роҳи мошингард тавассути доманаи кӯҳҳои мушкилгузар ба масъулин дастур дода шуд.
Аз ҷумла таъкид шуд, ки сарвазир хостааст, дар кӯтоҳтарин фурсат роҳи сатҳи ҷумҳуриявиро боз намуда, ҳаракати нақлиёт дар ин ҷода таъмин шавад.
Расулзода рафти сохтмони нерӯгоҳи "Себзор" -ро санҷид
"Давоми ду шабонарӯзи охир роҳсозон бо истифода аз техникаи роҳсозӣ ба хатарҳои эҳтимолӣ нигоҳ накарда, роҳи муваққатиро боз карда, аз ду ҷониб ба корҳои тахту ҳамворкунӣ машғуланд", - омадааст дар итттилоия.
Ҳукумати ВМКБ афзуд, барои бо муваффақият анҷом додани корҳои роҳсозӣ дар ин самт 11 техника кор карда истодааст.
Зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳои роҳсозӣ супориш дода шуд, ки корҳои роҳсозиро дар қисмати роҳи зери об қарордоштаи деҳа низ идома бахшанд.
Маврид ба зикр аст, ки санаи 27-уми июн дар натиҷаи фаромадани сели такрорӣ маҷрои дарёи Шоҳдара банд гардида, боиси зери об мондани 700 метр роҳи сатҳи ҷумҳуриявӣ гардид. Сокинони селзада ва минтақаи хавфнок ба ҷойҳои бехавф кӯчонда шуданд.