ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Ҷасади ду шаҳрванди Тоҷикистон дар яке аз хонаҳои шахсии шаҳри Каскелен пайдо карда шудааст, иттилоъ дод пулиси вилояти Алмата.
Сардори пулиси вилояти Алмата, Бауржан Аленов иттилоъ дод, ки як зани қазоқистонӣ ба мақомот муроҷиат карда, аз дарёфти ҷасадҳо бо осори зарбаи корд пайдо кардаст.
Расонаҳои қазоқӣ навиштаанд, кормандони пулис муайян кардаанд, ки фавтидагон шаҳрвандони Тоҷикистон, солҳои таваллудашон 1989 ва 1996 мебошанд.
Таъкид шудааст, ки дар пайи гузарондани амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ макони муттаҳам низ мушаххас шуда, боздошт гардидаст.
Таъкид шудааст, ки шаҳрванди гумонбаршуда низ аз Тоҷикистон буда, 43 сол дорад.
Мақомоти умури дохилии вилояти Алмато мегӯянд, феълан муттаҳам дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.
"Аз рӯи ҳодисаи мазкур бо таъини экспертизаи судӣ-тиббӣ тафтишоти пешакӣ оғоз шудааст", - омадааст дар иттилоия.
Маълумоти дигар ба манфиати тафтишот набояд ифшо карда шавад, гуфт Бауржан Аленов.
Маврид ба зикр аст, ки миёни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мутақил, Қазоқистон баъди Русия дуюмин кишвари пазирандаи муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон мебошад.